Пайвандҳои дастрасӣ

Арзёбии авзои Тоҷикистон дар гузориши солонаи Департаменти давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико



Департаменти Давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико

Амрико ҳукумат дар Тоҷикистонро автократӣ хонда гуфтааст, нақши умдаро дар ҳукумати кишвар Эмомалӣ Раҳмонов ва ҳаммаслаконаш бозӣ мекунанд.

Гузориши Департаменти давлатӣ низоми ҳоким дар Тоҷикистонро низоми авторитарӣ ном бурда, мегӯяд, нақши умдаро дар ҳукумати Тоҷикистон президент Эмомалӣ Раҳмонов ва ҳаммаслаконаш аз минтақаи Кӯлоб бозӣ мекунанд. Гузориш ҳамчунин ҳокист, ки пуштибонии маҳдуди ҷомеа тавони ҳукумат барои назорати тамоми қаламрави кишварро коҳиш додааст. Ин гузориш мизони субот дар Тоҷикистонро ба фарқ аз солҳои ҷанги шаҳрвандӣ беҳтар, вале ҳамчунон осебпазир арзёбӣ мекунад.

Аммо Сӯҳроб Шарифов, масъули бахши иттилоот дар дастгоҳи раёсатҷумҳурии Тоҷикистон дар ин робита гуфт:"Дар ин хусус гуфтанӣ ҳастам, ки ҳукумати Тоҷикистон 100 фоиз тамоми минтақаҳои ҷумҳуриро зери назорат дорад ва контрол мекунад. Ва структураҳои ҳукуматӣ дар тамоми минтақаҳои кишвар амал мекунанд. Ман намедонам, аз чӣ сабаб ҳамин гуна ақидаҳо ҳаст, ки ҳукумати Тоҷикистон имрӯз тамоми манотиқ кишвари худро дар назорат надорад".

Департаменти давлатӣ мегӯяд, интихоби дубораи Эмомалӣ Раҳмонов ба мақоми раёсатҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 1999 дар натиҷаи интихоботе воқеъ шуд, ки бо қонуншикании зиёд сурат гирифт ва озоду одилона набуд.

Бо вуҷуди ширкати аҳзоби мухолиф, тарафдорони Раҳмонов ҳамин гуна дар як интихоботи ғайриодилона ва ғайриозод аксарияти курсиҳо дар парлумони Тоҷикистонро ба даст оварданд.

Гузориши департаменти давлатӣ меафзояд, интихоботи миёндавраӣ ба парлумони Тоҷикистон низ бо қонуншиканиҳои фаровон ҷараён гирифт. Департаменти давлатӣ дар маҷмӯъ ҳуқуқ ва имкони мардуми Тоҷикистон дар мавриди тағйири ҳукумати ин кишварро маҳдуд хондааст.

Қонуни Асосии Тоҷикистон мустақилияти низоми додгоҳиро тазмин медиҳад, вале дар амал чунин нест. Низоми додгоҳӣ пойбанди фишори мақомоти сиёсиву низомӣ боқӣ монда, иқрори муттаҳамон умдатан таҳти шиканҷа ҳосил мешавад.

Масъулияти амнияти дохилии Тоҷикистон ба уҳдаи вазоратхонаҳои умури дохилаву амният ва дифоъ гузошта шудааст, вале амалан ҳукумат ба фармондеҳони низомиаш такя мекунад. Ин фармондеҳон дар баъзе аз манотиқ мухторияти худ аз ҳукумати марказиро ҳифз кардаанд.

Ва ҳарчанд амалиёти низомии давлат алайҳи гурӯҳи саркаши Раҳмон Сангинов дар ду соли пеш талоши худхоҳии дигар фармондеҳони мухолифро хеле коҳиш дод, аъзои чунин гуруҳҳои низомӣ то ҳол дар аъмоли ҷиноӣ ва фасод даст доранд.

Гузориш мегӯяд, фармондеҳони нерӯҳои давлат ва мухолифини собиқ бахши бузурги иқтисоди расмӣ ва пасипардагии Тоҷикистон ва қочоқи маводи мухаддирро таҳти назорат дошта, қишри аз ҳама сарватманд ва бонуфузи ҷомеаи ин кишвар боқӣ мемонанд.

Аммо Сӯҳроб Шарифов мегӯяд, нуфузи гуруҳҳои низомӣ феълан на ба гунаест, ки солҳои пешин буд:"Таъсири командирҳо албатта вуҷуд дорад, аммо таъсири онҳо шояд дар баъзе бахшҳои иқтисод, ки фармондеҳон дар он саҳмия доранд бошад. Ва албатта имкон дорад, ки онҳо манфиатҳои худро бо истифода аз роҳҳои ғайриқонунӣ ҳимоят кунанд. Аммо дар сиёсати дохиливу хориҷӣ таъсири ин командирҳое, ки буданд, вуҷуд надорад."

Гузориши департаменти давлатӣ нерӯҳои интизомиро омили нақзи ҷиддии ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон хонда меафзояд, дар аксар маврид онҳо барои чунин аъмол ба масъулият кашида намешаванд.

Гузориши мазкур ҳокист, ки дар соли гузашта шиканҷаву лату куб ва ҳатто ҳалокати зиндониён дар маҳбасҳои Тоҷикистон зиёд мушоҳида шуда, нерӯҳои амниятӣ аз таҷовуз ба соири ҳуқуқи шаҳрвандон парҳез намекарданд.

Гузориш мегӯяд, давлати Тоҷикистон дар соли 2002 ба амали ҳабсу боздоштҳои худсарона ва ҳабсҳои сиёсӣ идома дода, маҳбусон дар зиндонҳои ин кишвар муддатҳои тӯлониро дар шароити тоқатфарсое ба сар мебаранд.

Давлати Тоҷикистон дар соли 2002 маҳдудиятҳои мавҷуда дар роҳи озодии матбуот ва дар мавриди равуои шаҳрвандонаш ба кишварҳои хориҷиро коҳиш дод, вале ҷилавгирӣ аз озодии баён ва худсонсурии хабарнигорон идома ёфтааст.

Гузориш мегӯяд, давлати Тоҷикистон имкони гирдиҳамоии аҳолӣ ва фаъолияти созмонҳои сиёсиро ҳамчунон маҳдуд нигоҳ дошта, дар роҳи фаъолиятҳои мазҳабӣ низ монеа эҷод мекунад.

Гузориш ба вижа ба нақзи ҳуқуқи занону кудакон ва аққаллиятҳои мазҳабӣ дар Тоҷикистон ишора мекунад ва мегӯяд, бо вуҷуди иқдоми давлат ба сӯи ислоҳи вазъ дар ин ришта, як мушкили ҷиддии барҷомонда барои Тоҷикистон дар соли гузашта, идомаи қочоқи занону кудакон аз ин кишвар буд.

Департаменти давлатӣ дар идомаи гузориши худ ба баррасии вазъи иқтисодии Тоҷикистон пардохта, мегӯяд, Тоҷикистон дар шумули кишварҳои фақир боқӣ монда, бахши аъзами даромади будҷааш танҳо аз ҳисоби фурӯши алюмин ва пахта ба даст меояд.

Омори расмӣ сатҳи бекорӣ дар Тоҷикистонро 10 дар сад ҳисоб мекунад ва аммо департаменти давлатӣ бар пояи омори мустақил мегуяд, бекорӣ дар амал тақрибан 40 дар сади нерӯи кори ин кишварро фаро гирифтааст.

Баргардони Мирзои Салимпур

XS
SM
MD
LG