Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Омодагиҳо ба раъйпурсии умумӣ оғоз шуд



Мирзонабии Холиқзод



Комиссияи марказии интихоботи Тоҷикистон рӯзи душанбе, 31 март бо баргузор кардани нахустин ҷаласаи комиссия дар мавриди референдум роҷеъ ба тағйиру иловаҳо ба Қонуни Асосӣ тарҳи варақаи овоздиҳӣ ва масоили дигари омодагӣ ба ин маъракаро баррасй кард.

Тарҳи варақаи раъйдиҳиро ахиран Маҷлиси Намояндагон бо қарори худ муайан сохта буд ва Комиссияи марказии интихобот дар идомаи ин суол ки "Оё шумо тағйиру иловаҳо ба Қонуни Асосиро қабул мекунед", танҳо ин илова ҲА ва ё НЕ - ро ҳамроҳ намуд.

Ба ин тартиб варианти ахири варақаи раъйдиҳӣ бо навиштаҳои "Шумо тағйиру иловаҳо ба Сарқонуни Тоҷикистонро қабул мекунед", "Ҳа ва ё Не", дар рӯзи референдум ба мардум дода хоҳад шуд.

Гузориши муфассал дар бораи нишасти комиссия дар гӯшаи Гузоришҳо

XS
SM
MD
LG