Пайвандҳои дастрасӣ

Зизила пойтахти Тоҷикистонро такон дод



Мирзои Салимпур



Рӯзи 31 март соати 16:06 дар пойтахти Тоҷикистон ва навоҳии ҷанубии ин кишвар заминларза ба вуқӯъ пайваст. Ба иттиллои хабаргузории Итар Тасс, маркази заминларза дар 98 километрии ҷанубушарқи пойтахти Тоҷикистон қарор дошта, нерӯи он аз рӯи ҷадвали Рихтер ба 4,5 балл расидааст.

Дар Душанбе нерӯи зилзила 3-4 баллро ташкил додааст. Тайи чанд рӯзи гузашта ин бори дуввум аст, ки замин дар Тоҷикистон такон мехӯрад.

Дар маркази зилзиласанҷии Душанбе ба хабаргузории Итар Тасс гуфтанд, заминларзаҳои охир аз таъсири бомборонҳо дар Ироқ нест, зеро Тоҷикистон дар минтақаи аз ҷиҳати сейсмикӣ ҳассос ҷойгир аст ва такрори зизилаҳо низ рӯйдоди табиист.

Вазорати ҳолатҳои фавқуллодаи Тоҷикистон то кунун аз рух додани харобиҳо гузориш нагирифтааст.

XS
SM
MD
LG