Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Созмони нави тоҷикон дар Русия таъсис ёфт



Муҳаммадраҳими Сайдар



"Иттиҳодияи иҷтимоии тоҷикони муқими минтақаи сибирии Русия" дар шаҳри Красонярск ташкил шуд. Дар конфронси муассисони иттиҳодия, ки дар бинои ҳукумати Красноярск доир гардид, намояндагони Маркази фарҳангии миллии тоҷикони муқими Красноярск, мавсум ба "Пайванд", маркази фарҳангии тоҷикони муқими шаҳри Новосибирск "Сомониён" ва маркази фарҳангии тоҷикони муқими шаҳри Абакан "Суғдиён" ширкат карданд. Ин се марказ ба ҳайати Иттиҳодия шомил шуданд ва гуфта мешавад, тоҷикони муқими вилоятҳои Кемероово, Иркутск ва Томск низ омодагӣ доранд, ба ин анҷуман бипайванданд.

Ҳайдар Олимов - раиси иттиҳодияи навтаъсиси тоҷикон дар Русия гуфт, ин созмон талошҳои ҳамаи ҷамоатҳои дигари тоҷиконро барои ҳифзи забони модарӣ, анъанаҳои миллӣ, иртибот бо ватани таърихӣ ва дигар созмон ва ҷамоатҳои миллӣ мутамарказ хоҳад кард.

Гузориши муффасал дар гӯшаи Гузоришҳо (аудио)

XS
SM
MD
LG