Пайвандҳои дастрасӣ

Таъсиси созмони адвокатҳои Тоҷикистон



Раҳматкарими Давлат

Ассотсиатсияи мустақили тозабунёд беш аз 400 адвокатро муттаҳид мекунад.

Ассотсиатсияи адвокатҳои Тоҷикистон нахустин созмони касбии ҳимоятгарони ҳуқуқи инсон дар ин кишвар аст, ки ҳудуди 400 адвокатро дар худ муттаҳид мекунад. Таъсиси созмони касбии адвокатҳо ва баргузории нахустин анҷумани он бо пуштибонии Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо ва бо кумаки молии Бунёди Сорос дар ин кишвар амалӣ шудааст.

Ойниҳол Бобоназарова, доктори илми ҳуқуқ ва аз муборизони ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон мегуяд, агарчанд ҳадафи аслии ниҳоди адвокатҳо ҳимоят аз ҳуқуқи инсон аст, аммо Асотсиатсияи адвокатҳои Тоҷикистонро дар марҳилаи аввал лозим хоҳад буд, ки аз ҳуқуқи худи адвокатҳо ҳимоят кунад ва фаъолияти адвокатҳоро дар Тоҷикистон танзим намояд. Хонум Бобоназарова мегуяд: "Институти адвокатура дар Тоҷикистон то ҳол ба маънии аслиаш вуҷуд надорад, чунки агар судҳоро давлат дастгирӣ кунад, прокуратураро давлат дастгирӣ кунад, милисаро давлат дастгирӣ кунад, ин ниҳоде, ки ҳуқуқи инсонро ҳимоят мекунад ва вазифаи асосиаш ҳамин аст, ҳеҷ кас ҳимоят намекунад.Ва дуввум ин ки онҳо парокандаанд ва дар чанд шакл вуҷуд доранд. Мақсад пеш аз ҳама муттаҳид кардани онҳо буд, ки аз худ ҳимоят кунанд. Ва дар қадами дуввум, ҳимояи он одамоне, ки ба онҳо муроҷиат мекунанд."

Дар ҳоли ҳозир дар Тоҷикистон ду коллегияи адвокатҳо амал мекунад, ки сохторест боқимонда аз замони шуравӣ. Ҳамчунин адвокатҳои хусусӣ ё ҷудогона низ бо дарёфти иҷозанома ё литсензияи вазорати адлия фаъолият мекунанд.

Аммо ҳамаи ин адвокатҳо дар фаъолияти рузмарраи худ ба мушкилоти ягона мувоҷеҳ мешаванд. Ин мушкилот аз норушан будани нақши адвокатҳо дар қонунҳои ҷории Тоҷикистон маншаъ мегирад. Қонунгузории Тоҷикистон ба таври лозим ҳуқуқи адвокатҳоро дар ҳангоми ҳимояти шаҳрвандон дар назар нагирифтааст. Масалан, қонун ширкати додситон, айбдоркунанда ё туҳматкунандаи давлатиро ба ҳангоми барасии шикоят ва ё хулосабарории додгоҳ ҳатмӣ мешуморад, вале дар айни ҳол дар мавриди ҳуқуқ ва нақши адвокат дар ин маврид чизе дар қонун гуфта намешавад.

Ба назари хонум Бобоназарова, рушди ниҳоди адвокатҳо дар кишвар метавонад ҳам барои ҳимоят аз ҳуқуқи шаҳрвандон ва ҳам барои давлат муфид воқеъ шавад. У мегуяд, аммо шарти аслии ин муваффақият майли ҳамкории мақомот бо созмони адвокатҳо мебошад.

Ойниҳол Бобоназарова афзуд: "То ҳозир мо ягон адвокат на дар парлумон дорем ва на дар комиссияи ҳукуматие, ки оид ба ҳуқуқи инсон аст, ва на дар комиссияе, ки оид ба афв аст. Ягон нафари инҳо дар он ҷо намоянда надоранд. Ва мақсад ҳам ин аст, ки як ҳамкорӣ шавад. Ҳамин ҳамкорӣ бояд пеш аз ҳама ба нафъи мардум бошад ва дуввум ин барои давлат ҳам як ниҳоди хеле хуб аст, чунки вақте мансабдорони давлатӣ ҳуқуи мардумро вайрон мекунанд, маҳз ба воситаи адвокатҳо ва ҳамин ассотсиатсия ҳукумат метавонад аз ин бохабар шавад ва ислоҳ кунад. Ва ҳатман ин ҳамкорӣ бояд ба фоидаи ҳуқуқи инсон бошад."

Дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи масъулони созмони адвокатҳои Тоҷикистон, дар марҳилаи аввал ҳадафи ин созмон ҳимояи ҳуқуқи адвокатҳо ва баъд ба хотири таъмини нақши адвокатҳо дар ҳимояи ҳуқуқи инсон тағйир додани қонунгузории кишвар аст. Адвокатҳои мустақил қасд доранд, ба ин тартиб дар ҷараёни таҳияи қонунҳои Тоҷикистон саҳим бошанд.

Марк Жилбер, сафири Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо дар Тоҷикистон низ гуфтааст, шарти муваффақияти ин созмони мустақил пеш гузоштани масъалаи нақши адвокатҳо дар ҷомиа ва таъсир гузоштан дар раванди эҷоди қонунҳо мебошад.

XS
SM
MD
LG