Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Тоҷикистон 3 миллион фунт кумак мегирад



Тоҳири Сафар



Департаменти давлатии рушди байналмилалии Британия тасмим гирифтааст, дар соли равон ба хотири сармоягузории барномаҳои имдодӣ, барои Тоҷикистон 3 миллион фунт стерлинг (4,7 миллион доллар) ҷудо намояд. Хабаргузории Азия Плюс бо такя ба сафорати Британия дар Тоҷикистон навиштааст, ки ин маблағ дар сурати пеш омадани ниёзмандиҳо ба кишвар дода мешавад.

Соли 2002-ум ҳукумати Британия барои раҳандозии барномаҳои хайрия ва рушд 3,5 миллион доллар ихтисос дода буд. Ин маблағ таввасути Барномаи ҷаҳонии озуқа дар Тоҷикистон масраф шудааст. Ҳамчунин бо истифода аз он лоиҳаи тармими шабакаҳои обрасонии як идда аз маҳаллаҳои вилояти Суғд амалӣ шудааст.

Дар соли гузашта, сафорати Британия дар Тоҷикистон ҳамчунин барои амалисозии барномаҳои хурди имдодӣ ва рушд 55 ҳазор доллар ба созмонҳои ғайриҳукуматии Тоҷикистон эҳдо кардааст.

XS
SM
MD
LG