Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Назари таҳлилгарон ба ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Олмон



Соҷидаи Мирзо

Коршиносон мегӯянд, ҳукумати Олмон сиёсаташро дар нисбати кишварҳои Осиёи марказӣ тағйир медиҳад ва ният дорад, равобит бо Тоҷикистонро тақвият диҳад.

Таҳлилгарон сатҳи равобити иқтисодии Тоҷикистону Олмонро назарногир арзёбӣ мекунанд ва мегӯянд, дар байни ҳамкорони хориҷии Олмон Тоҷикистон дар ҷойи 154-ум, баъди Афғонистон ва пеш аз Ироқ қарор гирифтааст.

Соли гузашта ҳосили ширкатҳои олмонӣ дар заминаи содироти молӣ ба Тоҷикистон танҳо аз 6 миллон евро иборат буд. Ҳаҷми воридот бо маблағи беш аз 12 миллон евро, камаке беҳтар ба назар мерасад.

Ҳамкориҳо дар самти таҳия ва татбиқи барномаҳои муштарак низ чашгир нестанд. Табодули ночизи мол ва заифии ҳамкориҳои иқтисодӣ дар байни ду кишвар, ба назари коршиносон дурии масофаи Олмон аз Тоҷикистон аст. Аммо ба гуфтаи Ҳаким Солиев - вазири иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон дар равобити дуҷонибаи Олмону Тоҷикистон аломатҳои мусбат мушоҳида мешаванд ва ба сурати умум дидгоҳҳои сиёсиву иқтисодии ду кишвар ба ҳам наздиканд.

Тоҷикистон бо ширкати телекомуникатсионии Алкатели Олмон муассисаи муштарак таъсис медиҳад ва акнун барнома дорад бо ширкати "Сименс" корхонаи муштарак бунёд кунад ва омодааст дар қаламрави кишвар намояндагии ширкати Даймлер-Крейслерро ифтитоҳ намояд.

Сафари расмии президенти Тоҷикистон ба Олмон, дар сояи ҷанги Иёлоти Муттаҳида ва Британия дар Ироқ сурат гирифт ва хабарнигорон низ дар сӯҳбат бо мақомоти Тоҷикистон аз мавқеъи кишвар дар робита ҷанги Ироқ суол карданд.

Ҳаким Солиев гуфт, ҷанг дар ҳар куҷое сурат нагирад, ба ҳеҷ кас фоида намеорад ва ин гуна мушкилот бояд бо роҳи осоишта ҳаллу баррасӣ шаванд. Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон аз шурӯъи ҷанги Амрико дар Ироқ изҳори тааасуф кард ва ҳамзамон гуфт, умедвор аст, амалиёти ҳарбӣ бо қурбонии камтари аҳолии мулкӣ анҷом шавад.

Аксар коршиносон дар шарҳи мавқеъи заддиҷангии Тоҷикистон мегӯянд, Душанбе нахост равобит бо Маскавро, ки мавқеъи мухолифи ҷанги Амрико дар Ироқро дорад, ба хатар рӯ ба рӯ созад. Уве Ҳалбах, таҳлилгари бунёди олмонии "Илм ва Сиёсат" дар сӯҳбат бо радиои Дойче Велле ҳузури чашмигири баррасии ҷанги Ироқ дар музокироти Олмону Тоҷикистонро аз ибтидо рад кард.

Ӯ гуфт, нақши Тоҷикистон дар сиёсатҳои байналмилалӣ назарногир аст, аммо Олмон мефаҳмад, ки кадом омил ба чунин мавқеъгирии Тоҷикистон таъсирбахш будааст.

Ба гуфтаи ҷаноби Ҳалбах, Тоҷикистон аз он ташвиш дорад, ки ҳоло таваҷҷӯҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба масълаи Ироқ афзоиш ёфта, нуқтаи доғи дигар Афғонистон, ки Тоҷикистон бо он марзи тулонӣ дорад, дубора фаромӯш мешавад. Бо назардошти чунин вазъ, таҳлилгари олмонӣ, ташаннуҷи авзо дар Осиёи Марказиро соқит намекунад. Аз ин рӯ мегуяд ӯ, мушкилоти Тоҷикистон, ҳамчун як кишвари воқеъ дар хати ҷабҳа, барои Олмон қобили фаҳм аст.

Аммо дар масъалаи манофеъи Олмон дар Осиёи Марказӣ, аз ҷумла дар Тоҷикистон гуфта мешавад, ҳукумати Олмон соли гузашта барномаи наверо оид ба равобит бо Осиёи Марказӣ таҳия кард, ки акнун ҳам дар маркази сиёсати хориҷии Олмон ва ҳам дар сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврпуо қарор гирифтааст. Ин барнома бештар ба Тоҷикистон рабт дорад, ки то ҳол дар муқоиса бо давлатҳои дигари минтақа камтар дар мадди назар буд. Таҳлилгари олмонӣ Уве Ҳалбах дар заминаи шарҳи таваҷҷӯҳи вижаи Олмон ба Тоҷикистон мегӯяд, дар ин кишвар раванди эътидол ҷараён дорад ва Олмон аз он комилан пуштибонӣ мекунад.

Дар масъалаи рушд низ Тоҷикистон як умедвориҳоеро ба вуҷуд овардааст. Ҷаноби Ҳалбах меафзояд, Тоҷикистон ягона кишвари собиқ шуравӣ аст, ки муноқишаи дохилиашро бо роҳи сиёсӣ ҳал кард ва ширкати мухолифини исломиро дар сохторҳои ҳукуматӣ таъмин намуд. Дар ин масъала мегӯяд Уве Ҳалбах, Тоҷикистон модели ҷолиб аст ва акнун бояд имтиҳон кард, ки ин моделро то кадом андоза метавон дар кишварҳои дигари минтақа истифода кард.

XS
SM
MD
LG