Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тарҳи варақаи раъйпурсӣ тасдиқ шуд



Мирзонабии Холиқзод



Парлумони Тоҷикистон бо судури як қарор тарҳи варақаи референдум роҷеъ ба Сарқонуни Тоҷикистонро тасдиқ кард. Мутобиқи ин қарор дар варақа фақат як суол зикр мешавад, ки он ҳам ин аст, "Оё шумо тағйиру иловаҳо ба Сарқонунро қабул мекунед".

Ба чунин тарз тарҳрезӣ шудани варақаи раъйпурсӣ суоли зиёдеро дар зеҳни раъйдиҳандагон ба вуҷуд овардааст. Онҳо мегӯянд агар шахс ба як ислоҳ розӣ ва чанд тағйироти дигар мухолиф аст, чӣ тарз бояд варақаро пур намояд. Раъйпурсии умумӣ 22-уми июни соли равон баргузор мешавад.

Гузориши муфассал дар гӯшаи Гузоришҳо

XS
SM
MD
LG