Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Суоли варақаи раъйпурсӣ роҷеъ ба Қонуни Асосии Тоҷикистон



Мирзонабии Холиқзод

Оё шумо тағйиру иловаҳо ба Қонуни Асосиро қабул мекунед?

"Оё шумо тағйиру иловаҳо ба Сарқоунуни Тоҷикистонро қабул мекунед?" - ин ягона суолест, ки парлумони Тоҷикистон 22 июн рӯзи баргузории референдум ба ҳазорҳо мардуми ин кишвар медиҳад.

Ахиран, дар ҷаласаи Маҷлиси Намояндагон роҷеъ ба ҳамин суол, ки дар варақаи раъйдиҳӣ оварда мешавад, қарор қабул шуд ва он бо имзои раиси Маҷлиси Намояндагон Сайдулло Хайруллоев дар нашрияи парлумон "Садои Мардум" ба чоп расид.

Комиссияи муштараки парлумон ва ҳукумати Тоҷикистон оид ба ислоҳи Қонуни Асосии кишвар тайи як моҳи ахир ба 30 моддаи конститутсия 234 иловаву тағйирот пешниҳод кард. Аммо иддае аз раъйдиҳандагон, яъне сокинони Тоҷикистон мегӯянд, парлумон ин ҷамъи пешниҳодотро бидуни шарҳ дар як суол, яъне "Оё тағйиру иловаҳоро қабул мекунед ё на" - қарор дода, мехоҳанд чунин маъракаи муҳими сиёсиро баргузор кунад. Мо бо яке аз сокинони кишвар, ки номи худро Саидбек Раҳмонов муаррафӣ кард, ҳамсӯҳбат шудем, вай дар ҳамин замина мегӯяд:"Як тарзи гузаронидани раъйпурсӣ аст, ки ягон самарае намедиҳад. Ва агар ки умуман ҳамин тағйиротҳоро бе раъйпурсии мардум дохил карданӣ бошанд, ҳамин хел дохил кунанд ва маблағе, ки аз буҷа сарф мекунанд, барои кӯмак ба бечораҳо сарф кунанд."

Ҳамсӯҳбати дигари ман оқои Муҳсинов сокини пойтахт, ки собиқаи зиёди рӯзноманигорй дорад, дар робита ба ин масъала гуфт:"Дар он ҷо дар 30 моддаи қонун тағйиру иловаҳо дароварда шудааст. Ман чӣ гуна раъй диҳам, агар ба 29 тағйирот ризо бошам ва дар яктоаш не. Ман чӣ гуна варақаи раъйпурсиро пур кунам."

Ҳамин тааҷуб ва суолеро, ки ҳамсӯҳбатам оқои Мӯҳсинов кард, мо ба намояндаи Комиссияи марказии интихоботи Тоҷикистон Муҳибулло Додоҷонов додем. Вай гуфт:"Дар комиссияи интихоботӣ рӯзи душанбе, 31 март ҳамин масъалаҳоро мо баррасӣ мекунем. Ин ҳамаро мо ба мардум дар давоми ду моҳ бояд расонем, ки агар ҷонибдори чанд ислоҳ бошанду ба яктои дигар не ва дар ин сурат чӣ бояд кард. Барои ҳамин мардумро омӯзондан даркор, барои ҳамин бригадаҳои зиёд ташкил шудааст, дар ҳукуматҳои маҳҳалӣ ва вилоятҳо."

Дар ҳоли ҳозир дар масоили баргузории раъйпурсӣ шакли варақаи овоздиҳӣ ва масоили дигари марбут ба ин маъракаи сиёсӣ кишварҳои демократии ҷаҳон ва созмонҳои байналмилалии интихобот зоҳир карданд. Ба гуфтаи намояндаи Комиссияи марказии интихоботи Тоҷикистон Муҳибулло Додоҷонов имкон дорад онҳо дар ин роҳ барои демократӣ сурат гирифтани референдум мусоидат кунанд:"Созмони системаҳои байналмилалии интихобот АЙФИС ва Созмони Милал гуфтанд ба мо тавсия ва кӯмак мекунанд, вале суоле, ки дар варақаи раъйпурсӣ аст, бетағйир мемонад, яъне "Оё шумо тағйиру иловаҳо ба Сарқоунуни Тоҷикистонро қабул мекунед?".

Аммо ҷомеашиносони дохилӣ мегӯянд, чопу нашри дастурҳо ва мақолаҳо оид ба тағйиру иловаҳо ва сафари гурӯҳҳои кории парлумонӣ ба манотиқи кишвар ҳалли масъала нест, зеро дар баргузории референдум худ шитобзадагӣ ба назар мерасад.

XS
SM
MD
LG