Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мусоҳибаи раиси Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо Яаап де Ҳуп Шефер



Саидмуҳиддини Оймуҳаммад

Ҷаноби Шефер мегӯяд, Тоҷикистон тайи соли гузашта дастовардҳое дар эҷоди ҷомеаи демократӣ доштааст.

Раиси даврагии Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо Яаап де Ҳуп Шефер гуфтааст, худи ҳамин ки дар ҳар 5 кишвари Осиёи Марказӣ намояндагиҳои созмон фаъолият мекунанд, гувоҳ бар он аст, ки давлатҳои ин кишварҳо мехоҳанд дар чаҳорчӯби аҳдофи Созмони Амнияту Ҳамкории Аврупо бо созмон фаъолияти муштарак дошта бошанд.

Вай гуфтааст, агарчи зимни мулоқоташ бо президенти Туркманистон Сафармурод Ниёзов моҳи феврал масоили риояти ҳуқуқи башарро дар ин кишвар матраҳ намуд ва президент Ниёзов аз бархе аз фаъолиятҳои созмон интиқод кард, ин мулоқотро судманд арзёбӣ мекунад, зеро баргузории ин мулоқот нишон медиҳад, ки табодули назар идома хоҳад кард.

Ба савол дар мавриди ин ки Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо кишварҳои назири Қазоқистонро барои нақзи озодии матбуот интиқод намуда буд ва "Оё чӣ гуна ҳукумати Қазоқистонро метавон ба эҳтироми ҳуқуқи башар водор намуд?", раиси Созмони Амнияту Ҳамкории Аврупо гуфтааст, нақзи озодии матбуот ва рушди матбуоти воқеиятнигор мояи нигаронии созмон танҳо дар Қазоқистон нест.

Аммо дар мавриди қазияи рӯзноманигори қазоқӣ Сергей Дуванов вай гуфт, мо ба мақомоти Қазоқистон муроҷиат кардем ва онҳо иҷозат доданд, ки коршиносони мустақил парвандаи Дувановро биёмузанд ва воқеиятҳоро ташхис кунанд.

Аммо дар робита ба Тоҷикистон ин мақоми баландпояи Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо гуфт, соли гузашта Тоҷикистон дар ростои таҳаввулоти демократӣ дастовардҳо дошт. Аввал ин ки Тоҷикистон визаи хуруҷро барои шаҳрвандонаш лағв намуд ва дуюм бори нахуст ба пахши барномаҳои радиои мустақили "Азия плюс" иҷозат дод. Вай иброз дошт, ки дар мулоқоти ахири фиристодаи хоси Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо Марти Аҳтисаарӣ бо раиси ҷумҳури Тоҷикистон масоили мутаваққиф ва баъдан мамнӯъ сохтани ҳукми қатл, баргузории референдум барои ислоҳи Қонуни Асосии Тоҷикистон, ҳамчунон имзо ва расмият додани Паймони Созмони Миллал дар бораи манъи шиканҷа ва бархӯрди таҳқиромез бо шахсият аз масоили умдаи баҳс будаанд.

Ба гуфтаи ҷаноби Шефер, ҷониби Тоҷикистон изҳори омодагӣ кардааст, ки дар оянда ҳамкориро бо Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо идома хоҳад дод. Аммо гуфта намешавад, ки президент Раҳмонов мушаххасан амалӣ сохтани кадоме аз дархостҳои ин созмонро ваъда кардааст.

XS
SM
MD
LG