Пайвандҳои дастрасӣ

Демократҳо раъйпурсиро таҳрим мекунанд



Абдуқаюми Қаюмзод



Созмони шаҳрии Ҳизби Демократи Тоҷикистон дар Душанбе рӯзи 27 март бо пахши як изҳорот мухолифати худро дар мавриди баргузории референдум роҷеъ ба ислоҳоти Қонуни Асосӣ эълон кард.

Дар изҳороти созмони шаҳрии Ҳизби Демократ гуфта мешавад, беш аз 1 миллион аз шаҳрвандони Тоҷикистон, ки бархурдор аз ҳаққи раъй ҳастанд, берун аз кишвар ба сар мебаранд. Илова ба ин, ҳанӯз аз имзои Созишномаи умумии сулҳ мӯҳлати зиёде нагузаштааст, аз ин хотир зарурати ислоҳоти Қонуни Асоси ба вуҷуд наомадааст. Дар изҳорот ҳамчунин гуфта мешавад, раёсати шаҳрии созмони Ҳизби Демократи Тоҷикистон ба нишони эътироз, аз ширкат дар раъйпурсӣ даст мекашад.

Матни пурраи хабар дар гӯшаи Гузоришҳо



XS
SM
MD
LG