Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Нахуствазири Тоҷикистон муҳофиз мегирад



Мирзонабии Холиқзод



Маҷлиси Намояндагон 27-ми март қарори худро дар бораи тағйиру илова ба Қонуни Тоҷикистон дар бораи ҳукумат, дар мавриди таъмини нахуствазир ва хонаводаи ӯ бо муҳофиз, ба палатаи болоии парлумон Маҷлиси Миллӣ пешниҳод намуд.

Узви кумитаи Маҷлиси Намояндагон дар умури сохтори давлатӣ Аъзамқул Ишонқулов гуфт, рӯзи чоршанбе дар нишасти навбатии Маҷлиси намояндагон аз ҷониби кумитаи сохтори давлатй чанд пешниҳод ба Қонун дар бораи ҳукумати Тоҷикистон сурат гирифт. Ва тибқи тағйироти воридшуда аз ин ба баъд нахуствазир, хонаводаи ӯ ва соҳибмансабони баландмақоме, ки президент онҳоро таъйин кардааст, аз ҷониби вазорати амният бо муҳофиз таъмин мешаванд.

Оқои Ишонқулов меафзояд, аслан чунин пешниҳод аз ҷониби ҳукумат сурат гирифт ва дар Кумитаи сохтори давлатии Маҷлиси Намояндагон мавриди муҳокима қарор дода шуд.

Узви Кумитаи амният ва дифои Маҷлиси Намояндагон Мусаммир Ғафуров мегуяд, ин илова ба қонуни Тоҷикистон ба он маъно нест, ки то кунун нахуствазири Тоҷикистон муҳофиз надошт. Муҳофизати нахуствазир ва хонаводаи ӯ, таъмини амнияти раиси Маҷлиси Миллӣ ва раиси Маҷлиси Намояндагон аз ҷониби президент расман иҷоза дода шуда буд.

XS
SM
MD
LG