Пайвандҳои дастрасӣ

Эмомалӣ Раҳмонов аз зиёиён хост аз изҳори назар дар робита ба ҷанги Ироқ худдорӣ кунанд



Раҳматкарими Давлат

Аммо даъвати раисиҷумҳур мӯҷиби он нашудааст, ки таваҷҷӯҳ ба қазияи Ироқ коста шавад ва соҳибназарон ҳамчунон дар ин маврид назарҳоеро баён медоранд.

Эмомалӣ Раҳмонов - раиси ҷумҳурии Тоҷикистон аз зиёиён ва рӯшанфикрони кишвараш хостааст, аз изхори назар дар мавриди таҳаввулоти байналмилал, хусусан дар робита ба ҷанги Ироқ худдорӣ намоянд.

Ин матлабро президент Раҳмонов дар мулоқоташ бо зиёиён баъди он баён дошт, ки бархе аз рӯшанфикрон оғози ҷанг бо Ироқро аз тариқи расонаҳои дохилӣ маҳкум намуда буданд. Аммо ин даъвати раисиҷумҳур ҳамоно мӯҷиби он нашудааст, ки таваҷҷӯҳи сокинони кишвар ба қазияи Ироқ коста шавад ва ҳамоно мардум хусусан соҳибназарон дар ин маврид нуктаназарҳоеро баён медоранд.

Аммо аз сӯхбат бо бисёре аз сокинон пайдост, ки дар мавриди ин қазия назариёти гуногун доранд. Умдатан ин назариёти мардум дар бораи ҷанг ба сарчашмаи ахбори онҳо бастагӣ дорад.

Доктор Шокирҷон Ҳакимов - як зиёии тоҷик мегӯяд, манбаи асли хабар барои аксари мардуми Тоҷикистон танҳо шабакаҳои телевизионии Русия мебошад. Аз ин хотир бештар таҳти таъсири ахбор ва тасовири телевизиони Русия дар мавриди ҷанг қарор доранд.

Вай меафзояд:"Аз нуқтаи назари ман, бо назардошти он ки дар фазои иттиллоотии Тоҷикистон, сарчашмаи ахбор телевизион ва радиоҳои Русия мебошад ва иттилоъ аз зовияи манфиатҳои онҳо дода мешавад, мардум зери таъсири ахбори онҳо мемонанд."

Аммо Нуралӣ Давлатов - як хабарнигори тоҷик, ки аз манбаъҳои мухталиф хабари ҷангро дунбол мекунад гуфт, ҳар шабакае талош дорад, хабари роҷеъ ба ҷангро аз дидгоҳи манофеъи кишвари худаш пахш намояд.

Вай мегӯяд аксари расонаҳо дар дастгоҳи таблиғотӣ шудаанд:"Бо камоли таасуф бояд қайд кунам, ки аксарияти хабарҳое, ки дар аввал ва баъдан пахш шуданд, дар бораи маҷрӯҳ шудани Саддом Ҳусайн, дар бораи қатли писари ӯ, дар бораи фалаҷ шудани идораи давлатӣ, дар бораи тассаруфи шаҳрҳои Басра ва ҷазираи Фав чандон саҳеҳ набаромаданд. Шояд сабаб он аст, ки расонаҳои ғарбӣ низ мисли матбуоти Русия вақте дар бораи Ироқ ҳарф мезаданд, ҳатман кӯшиш мекарданд, ки аз берун аз манфиати давлатҳои худ ҳарф назананд. Ва онҳо то андозае ба ҳайси пропагандистҳо дар назари ман ҷилвагар шуданд". Нуралӣ Давлатов мегӯяд, озими Ироқ аст, то хақиқати ҷангро бо чашмони худаш бубинад.

Вале Мунаввари Мунаввар - як сокини дигари Душанбе аст, ки хабари ҷангро аз тариқи радиоҳои хориҷӣ дастрас мекунад. Вай агарчанд мухолифи ҷанг аст, аммо мегӯяд режимхои авторитарӣ ва диктатури ба мисли режими Саддом Хусайн бояд ҳатман ҷойи худро ба ҳукуматҳои мардумсолор ва демократӣ иваз намоянд.

Ӯ мегӯяд, аммо аз ин нигарон аст, ки пуштибонии ҳукуматҳои дигари худкомаи минтақа аз Амрико дар ҷанги алайҳи Ироқ боиси аз миён рафтани як режими диктаторӣ дар Бағдод ва дар айни ҳол ба миён омадани чанд режими дигари авторитарӣ, хусусан дар Осиёи Марказӣ бар ивази он хоҳад шуд.

Вай гуфт:"Дар ин росто бисёр хуб мебуд, ки тавваҷӯҳи ин кишварҳо, хоса Инглистон, Амрико ва дигар кишварҳои Урупоӣ нисбати режимҳои худкомаи Осиёи Марказӣ, ки кам нестанд, бештар мешуд, лекин на ба он роҳе, ки дар нисбати режими Бағдод гирифта шуд." Вале Шоира - як донишҷӯи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аст, ки хабари ҷангро аз забони ҳамсабақонаш шунидааст. Ӯ мегӯяд, радиё ва телевизор надорад. Танҳо рӯзнома мехонад, вале рӯзномаҳои Тоҷикистон аз замони оғози ҷанг то ба ҳол нашр нашудаанд ва фардо нашр мешаванд. Шоира, ки бар асари ҷанги дохилӣ дар Тоҷикистон чанд сол аз таҳсил дар донишгоҳ ақиб мондааст, мегӯяд ҷанг дар ҳама ҳолат ҳодисае нест, ки сазовори ситоиш бошад.

Аммо радио ва хусусан телевизони Тоҷикистон нохудогоҳ ва дерҳангом хабар ва тасовири расонаҳои мухталифро бидуни он ки ҳадафи онро пай бурда бошанд, нашр мекунанд. Гоҳе ин ахбор ба манфиати ҷонибдорони ҷанг ва гоҳе ба нафъи мухолифони он аст.

Ҷомеаи кишвар сарфи назар аз он ки ба кадом расонаи хабарие дастрасӣ дорад аз ибрози назар дар мавриди ҷанг худдорӣ намекунад. Аммо дар ҳоле ки расонаҳои хабарии дунё ҷои холӣ барои нашри хабари референдуми Тоҷикистон ва роҳбарони ҷаҳон вақти шунидани чунин хабареро низ надоранд ва ҳукумати ин кишвар низ даступо нахӯрд ва бо истифода аз фурсат ба ислоҳоти Қонуни Асосӣ иқдом намуд.

Мизони бохти мардуми Тоҷикистон аз ҷанг дар минтақа маълум нест, аммо бурди Раҳмонов раисиҷумҳур, ки зиёиёнашро аз изҳори назар дар мавриди Ироқ барҳазар медорад, мусалламан фурсате барои заминагузорӣ чиҳати тамдиди даври раёсати ҷумҳураш хоҳад буд.

XS
SM
MD
LG