Пайвандҳои дастрасӣ

Раҳбари НАТО аз Душанбе дидан мекунад



Саидмуҳиддини Оймуҳаммад



Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов аз Паймони Атлантики Шимолӣ "НАТО" даъват намуд, то ба кишвараш дар мубориза барои ҷилавгирӣ аз густариши қочоқи маводир мухаддир кӯмак кунад.

Дар нахустин боздидаш аз қароргоҳи НАТО дар шаҳри Брюссел - пойтахти Белжик президент Раҳмонов гуфт, Тоҷикистон мехоҳад, равобити наздиктаре бо ин иттиҳоди низомии Ғарб дошта бошад.

Эмомалӣ Раҳмонов изофа кард:"НАТО ба ҳайси созмоне, ки аз сулҳ ва субот пуштибонӣ менамояд, бояд ба Тоҷикистон кумакҳои чашмгир кунад, то мо битавонем ба таҳдидҳо ва ҳаводис муқобила намоем".

Дабири кулли НАТО Ҷорҷ Робертсон гуфт, ин созмон мехоҳад, равобити наздик бо Тоҷикистон ва кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ дошта бошад. Вай изҳори омодагӣ кард, ки дар моҳи июл аз Душанбе боздид хоҳад намуд.

XS
SM
MD
LG