Пайвандҳои дастрасӣ

Раисиҷумҳури Украина ба Тоҷикистон меояд



Тоҳири Сафар



Раисиҷумҳури Украина Леонид Кучма рӯзи 8 апрел сафари расмиашро дар Тоҷикистон оғоз мекунад. Бинобар иттилои хабаргузории Интерфакс дар ин маврид Леонид Кучма ҳангоми мулоқот бо раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов ба мувофиқа расиданд. Раҳбари ҳукумати Тоҷикистон дар роҳ сафар ба Олмон ва Белжик субҳи 25 март дар фурудгоҳи Бориспол бо Леонид Кучма мулоқот кардааст. Ду раҳбар масоили ҳамкории миёни кишварҳояшонро баррасӣ ва сатҳи равобити дуҷониба изҳори қаноатмандӣ кардаанд.

Ба гуфтаи сухангӯи президенти Украина Алёна Громнитская, мубодилоти миёни ду кишвар дар соли гузашта назар ба соли 2001 20 дар сад афзуда ба 45,8 миллион доллар расидааст.

Рузи 25 март ҳамчунин вазири умури хориҷаи Тоҷикистон Талбак Назаров бо ҳамтои украиниаш Анатолий Зленко дидор ва гуфтугӯ доштааст. Ба иттилои дафтари матбуоти вазорати умури хориҷаи Украина, Талбак Назаров "аз нақши фаъоли ин кишвар ва талоши он ба хотири мӯътадил гардонидани вазъи башарӣ дар Афғонистон" истиқбол кардааст.

XS
SM
MD
LG