Пайвандҳои дастрасӣ

Раисҷумҳури Тоҷикистон ба Олмон сафар мекунад



Тоҳири Сафар



Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов зимни дидор аз Ҷумҳурии Федеролии Олмон рӯзи панҷшанбе, 26 март бо садри аъзами ин кишвар Герҳард Шрёдер мулоқот мекунад.

Хабаргузории Франс пресс иттилоъ дод, ки ҳангоми ин мулоқот раҳбарони ду кишвар ҷанги Ироқ, вазъи Афғонистон ва таҳҳавулот дар Ховари Миёнаро баррасӣ хоҳанд кард.

Хабаргузорӣ афзудааст, авзои амниятии Осиёи Марказӣ ва ҳамкориҳои миёни Тоҷикистону Олмон мавзӯъҳои дигари мулоқоти президент Раҳмонов ва Герҳард Шрёдер аст.

Дар шаҳри Душанбе ба Хабарнигори Радиои Озодӣ гуфтанд, раисиҷумҳури Тоҷикистон ҳамчунин ба Белгия сафар ва бо раҳбарони ин кишвар мулоқот мекунад.

Гузориши муфассал дар гушаи Гузоришҳо

XS
SM
MD
LG