Пайвандҳои дастрасӣ

Бемории сил дар Тоҷикистон густариш ёфтааст



Раҳматкарими Давлат



Бемории сил дар Тоҷикистон бар асоси омори расмӣ тайи чанд соли охир густариш пайдо кардааст. Омори дақиқе роҷеъ ба шумораи афроди гирифтори ин беморӣ муассисаҳои марбутаи беҳдоштӣ ироа намекунанд.

Аммо мутахассисони Маркази мубориза бо бемории сил дар Тоҷикистон мегӯянд, аз ҳафт нафар сокини ин кишвар як нафари онро хатари гирифтор шудан ба бемории сил таҳдид мекунад. Ба гуфтаи Қурбонгул Зокирова - мудири Маркази мубориза бо сил дар Тоҷикистон шароити танги иҷтимоӣ ва иқтисодии солиёни ахир ба густариши бемории сил дар миёни аҳолии ин кишвар мусоидат намудааст.

Хонум Зокирова мегуяд:"Сабаби паҳн гаштани ин беморӣ албатта шароити иҷтимоиву иқтисодӣ мебошад. Яке аз сабабҳои ин ҳамчунин бисёр шудани муҳоҷирати мардум, аз ҷумла беморон аз як мамлакат ба мамлакати дигар мебошад. Касодии иқтисод ва дастангӣ низ ҳолати руҳии одамонро вайрон карда, сабаби ин беморӣ мешавад."

Гузориши муффасалро оид ба тавсиаи беморӣ дар Тоҷикистон дар гушаи Гузоришҳо ва Архив дармеёбед.

XS
SM
MD
LG