Пайвандҳои дастрасӣ

Фиристодаи САҲА бо раисиҷумҳури Тоҷикистон мулоқот кард



Абдуқаюми Қаюмзод



Мартӣ Аҳтисаарӣ - намояндаи хоси раиси Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо (САҲА), рӯзи 24 март дар шаҳри Душанбе бо Эмомалӣ Раҳмонов раиси ҷумҳури Тоҷикистон мулоқот кард.

Баъди хотимаи мулоқот, ки наздики ду соат идома дошт, ҷаноби Аҳтисаарӣ гуфт, ӯ бо президент Раҳмонов як идда аз масоили марбут ба ҳамкориҳои САҲА - ро бо Тоҷикистон, аз қабили мубориза алайҳи терорризм ва қочоқи маводи мухаддир, ислоҳоти ҳокимияти додгоҳӣ, мусоидат дар ташкмили низоми қонунгузориҳои интихоботӣ ва ташаккули сиёсии ҷомеаи озоди шаҳрвандӣ, барномаи барчидани минаҳо мавриди гуфтугӯ қарор додааст.

Ӯ ҳамчунин афзуд:"Ҳадаф аз сафари ман ба ҳайси намояндаи хоси раиси САҲА ба Тоҷикистон мусоидат ҷиҳати иҷрои барномаҳоест, ки созмони мазкур дар ин кишвар ба ӯҳда дорад".

Матни муфассали ин хабар дар гӯшаи Гузоришҳо ва Архивӣ

XS
SM
MD
LG