Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Фиристодаи САҲА бо раисҷумҳури Тоҷикистон мулоқот кард



Абдуқаюми Қаюмзод

Мартӣ Аҳтисаарӣ - фиристодаи Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо гуфт, вазифаву масъулияти намояндагии ин созмон дар Душанбе тағйир ва тавсиа меёбад.

Мартӣ Аҳтисаарӣ - намояндаи хоси раиси Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо (САҲА), рӯзи 24 март дар шаҳри Душанбе бо Эмомалӣ Раҳмонов раиси ҷумҳури Тоҷикистон мулоқот кард.

Баъди хотимаи мулоқот, ки наздики ду соат идома дошт, ҷаноби Аҳтисаарӣ гуфт, ӯ бо президент Раҳмонов як идда аз масоили марбут ба ҳамкориҳои САҲА - ро бо Тоҷикистон, аз қабили мубориза алайҳи терорризм ва қочоқи маводи мухаддир, ислоҳоти ҳокимияти додгоҳӣ, мусоидат дар ташкмили низоми қонунгузориҳои интихоботӣ ва ташаккули сиёсии ҷомеаи озоди шаҳрвандӣ, барномаи барчидани минаҳо мавриди гуфтугӯ қарор додааст.

Ӯ ҳамчунин афзуд:"Ҳадаф аз сафари ман ба ҳайси намояндаи хоси раиси САҲА ба Тоҷикистон мусоидат ҷиҳати иҷрои барномаҳоест, ки созмони мазкур дар ин кишвар ба ӯҳда дорад."

Зафар Саидов - сухангӯи раиси ҷумҳури Тоҷикистон гуфт, президент Раҳмонов аз кӯмак ва пуштибонии САҲА изҳори қадрдонӣ кард:"Сардори давлати Тоҷикистон тасмимоти роҳбарияти Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупоро дар мавриди ба маркази ин созмон табдил додани намояндагии он дар Душанберо ҷонибдорӣ намуд ва мазмуни ваколатномаи нави онро маъқул ёфт."

Мартӣ Аҳтисаарӣ - намояндаи хоси раиси САҲА ҳамчунин бо Сайдулло Хайруллоев - раиси Маҷлиси Намояндагон, Сайидамир Зуҳуров муовини сарвазир ва раиси комиссияи ҳуқуқи инсон ва Талбак Назаров - вазири умури хориҷаи Тоҷикистон мулоқотҳо анҷом дод. Дар сӯҳбат бо вазири умури хориҷаи Тоҷикистон ҷаноби Аҳтисаарӣ гуфтааст, бо назардошти он ки намояндагии САҲА дар Тоҷикистон ба марказ табдил меёбад вазоиф ва масъулияти он низ тағйир хоҳанд хӯрд.

Дар асоси ҳамин тағйирот ва бо назардошти таҳаввулот дар кишвар Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо таваҷҷӯҳи аслии худро аз ин ба баъд, бештар рӯи масоили иқтисодӣ ва зистмуҳитӣ равона хоҳад кард. Оқои Аҳтисаарӣ гуфтааст, азбаски Тоҷикистон ҳамоно ба сифати яке аз кишварҳои аслии роҳи тронзитии қочоки маводи мухаддир дар Осиёи Марказӣ боқӣ мондааст, дар ин замина низ САҲА ба он кӯмак хоҳад кард.

Мартӣ Аҳтисаарӣ - намояндаи хоси раиси САҲА дар хатми сӯҳбати кӯтоҳ бо хабарнигорон гуфт, бо президент Раҳмонов ба мувофиқат расидаанд, ҷиҳати мушаххас намудани бархе аз барномаҳои тозаи созмони мазкур, дар нимаи дуввуми моҳи майи соли равон сафари дигари ӯ ба Тоҷикистон сурат хоҳад гирифт.

XS
SM
MD
LG