Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар марзи Тоҷикистону Афғонистон 30 кило ҳероин ёфт шудааст



Тоҳири Сафар



Гурӯҳи марзбонии Русия дар Тоҷикистон хабар дод, ки тайи се рӯзи ахир дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон 30 кило ҳероин ёфт ва мусодира шудааст.

Ба иттилои дафтари матбуоти Гурӯҳи марзбонии Русия, сарҳадбонони рус ва кормандони Идораи мубориза бо қочоқи маводи мухаддираи вазорати умури дохилаи Тоҷикистон шаби 23-ум ба 24-уми март дар минтақаи марзии Маскав аз як махфигоҳ 18 кило ҳероин пайдо карданд.

Ба гуфтаи марзбонони рус, қабл аз ин марзбонон дар яке аз манотиқи дигари марзӣ пинҳонгоҳеро бо 8 кило ҳероин кашф намуданд. Аз як махфигоҳи дигар 4 кило чарс мусодира шудааст.

XS
SM
MD
LG