Пайвандҳои дастрасӣ

Тоҷикистон аз 20 кишвар кумаки башарӣ гирифтааст



Саидмуҳиддини Оймуҳаммад



Аз оғози сол то моҳи марти соли равон 20 кишвари дунё ба Тоҷикистон кумаки башарӣ расонидаанд. Бино бар иттилои Кумитаи давлатии омори Тоҷикистон, тайи ин муддат ба кишвар дар ҳаҷми 31 миллион доллари амрикоӣ, 68,8 ҳазор тонна маводи имдодӣ расидааст.

Барои сокинони осебдида аз офатҳои табиӣ, ҳудуди 30 ҳазор тонна маводи ғизоӣ ва либосу доруворӣ фиристода шудааст. Ҳамчунин ҷиҳати барқарор кардани хонаҳои харобшуда аз офатҳои табиӣ, кишварҳои мададрасон ба Тоҷикистон бо ирсоли маводи бинокорӣ, нақлиёт ва сузишворӣ кумак кардаанд.

XS
SM
MD
LG