Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Эмомалӣ Раҳмонов:"Тоҷикистон барои расидан ба истиқлоли иқтисодӣ талош мекунад"



Мирзонабии Холиқзод



Президенти Эмомалӣ Раҳмонов дар табрикоти Наврӯзии худ ба мардуми кишвар изҳор дошт, ки Тоҷикистон чун дар гузашта, дар оянда низ муносиботи ҳамаҷонибаи неки худро бо ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳифз хоҳад кард. Вай гуфт, ҳукумати Тоҷикистон бо такя ба барномаҳои иқтисодие, ки дар соли гузашта ва дар ҳоли ҳозир тарҳрезӣ кардааст, талош хоҳад намуд, ки кишвар ба истиқлолияти иқтисодӣ расад.

Эмомалӣ Раҳмонов гуфт:"Ҳадафи аслии мо таъмини истиқлоли озуқавории мамлакат аст. Барномаҳое, ки дар зарфи се соли оянда амалӣ хоҳанд шуд, бешубҳа барои беҳтар шудани ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва беҳтар шудани шароити зиндагии табақаи камбизоат ва ниёзманди мардум мусоидат хоҳанд кард."

XS
SM
MD
LG