Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Аз Наврӯз то Наврӯз



Мирзонабии Холиқзод

Гузориши вижаи Радиои Озодӣ

Дар остонаи ҷашни Наврӯз парлумони Тоҷикистон аз баргузории референдум роҷеъ ба тағйиру иловаҳо ба Қонуни Асосии кишвар дар таърихи 22 июн иттилоъ дод. Аксари аҳзоб ва созмонҳои сиёсии Тоҷикистон мухолифати худро бо баёни ин ки ҳадафи аслии ин тағйирот тамдиди давраи президентии Эмомалӣ Раҳмонов барои ду давраи 7 сола мебошад, ислоҳи Сарқонунро ноҷо ва назарпурсии умумиро зудҳангом ҳисобиданд.

Аммо Сайид Абдулоҳи Нурӣ - раиси Ҳизби Наҳзати Исломи Тоҷикистон ин ҳодисаро дар ҳаёти сиёсии кишвар муҳим арзёбӣ намуд ва гуфт, тағйирот дар банди чоруми моддаи 65-и Қонуни Асосӣ ба ҳеҷ ваҷҳ роҳро барои расидани чеҳраҳои дигари сиёсӣ ба қудрат нахоҳад баст.

Вай аз ҷумла гуфт:"Роҳ ҳанӯз ҳам боз аст, яъне маҳдудият нест, ки дигарон натавонанд худро (ба мансаби раисҷумҳур) пешниҳод кунад. Ҳар кас ки салоҳият дорад ва мардум қабулаш кунад, метавонад пешниҳод шавад ва шояд, ки пирӯз мегардад."

Вале лидери Ҳизби Демократи Тоҷикистон Муҳаммадрузӣ Искандаров зимни табрикоти Наврӯзиаш ба мардуми Тоҷикистон гуфт, аз Наврӯзҳои гузашта ва аз Наврӯзи гузашта то ба ҳол, аҳзоби сиёсӣ аз васоити матбуоти электронӣ маҳруманд ва наметавонанад ба зудӣ дар мавриди ин ё он ҳодиса мавқеъу назари худро баён кунанд.

Вай афзуд:"Дар Тоҷикистон то ҳанӯз ба он фарҳанги сиёсии давлати бисёрҳизбӣ нарасидаем. Ва фаъолияти ҳизбҳои сиёсии Тоҷикистон муқарарӣ пеш меравад, ё ки як ҳаёти интизорӣ ба чизест. Онҳо дасте дар ҳаёти сиёсии Тоҷикистон надоштанд, чунки дастрасӣ ба расонаҳои электронии хабарӣ надоранд, то мавқеи ва аҳдофи худашонро ба мардум бирасонанд."

Дар соли гузашта, Дабири кулли созмони миллал Кофӣ Анон бори нахуст ба Тоҷикистон ташриф овард. Коршиносон мегӯянд, сафари Кофӣ Анон ниҳодҳои ҳуқуқӣ ва дифоъ аз ҳуқуқи башари Тоҷикистонро водор намуд, ки нисбати риояи ҳуқуқи инсон дар додгоҳҳо, додрасиҳо ва дар маҳбасҳо ба таври инсонӣ рафтор кунанд.

Нахустин сафари расмии президент Эмомалӣ Раҳмонов ба Иёлоти Муттаҳида дар моҳи декабр сурат гирифт, ки ин сафар муносиботи ду ҷонибаи сиёсиву иқтисодии Тоҷикистону Амрикоро таҳким бахшид.

Дар ҳамин моҳ ҳайати баландпояи Тоҷикистон таҳти сарварии президент Раҳмонов дар нишасти Паймони Атлантики Шимолӣ "НАТО" дар Прага ширкат намуд.

Президент Раҳмонов дар табрикоти Наврӯзии худ ба мардуми кишвар изҳор дошт, ки Тоҷикистон чун дар гузашта, дар оянда низ муносиботи ҳамаҷонибаи неки худро бо ҷомеаи ҷаҳон ҳифз хоҳад кард. Вай гуфт, ҳукумати Тоҷикистон бо такя ба барномаҳои иқтисодие, ки дар соли гузашта ва дар ҳоли ҳозир тарҳрезӣ кардааст, талош хоҳад намуд, ки кишвар ба истиқлолияти иқтисодӣ расад.

Эмомалӣ Раҳмонов гуфт:"Ҳадафи аслии мо таъмини истиқлолияти озуқавории мамлакат аст. Барномаҳое, ки дар зарфи се соли оянда амалӣ хоҳанд шуд, бешубҳа барои беҳтар шудани ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва беҳтар шудани шароити зиндагии табақаи камбизоат ва ниёзманди мардум мусоидат хоҳанд кард."

Аксари созмонҳои байналмилалии дифоъ аз ҳуқуқи башар дар гузоришҳои солонаи худ дар моҳи декабр, бартарии Тоҷикистонро аз кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ таъкид намуданд. Дар рӯзи истиқлолияти Тоҷикистон дар моҳи сентябр, радиостансияи мустақили Азия Плюс дар Тоҷикистон ба фаъолият шуруъ намуд. Ба шабакаи мустақили радиои "Ватан" низ иҷозат дода шуд, фаъолияти худро шурӯъ кунад.

Дар остонаи Иди Наврӯз Иттиҳодияи Нависандагони Тоҷикистон анҷумани худро баргузор намуд ва раиси нави он дромнавис Меҳмон Бахтӣ интихоб шуд ва Аскар Ҳаким раиси пешини онро иваз намуд.

XS
SM
MD
LG