Пайвандҳои дастрасӣ

Тоҷикистон аз оғози ҷанг дар Ироқ ибрози нигаронӣ кард



Тоҳири Сафар



Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон шаби панҷшанбе, 20 март бо судури баёнияе, аз оғози амалиёти низомии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ироқ ибрози нигаронӣ кард.

Дар ин баёния, ки таввасути телевизион ва радиои давлатии Тоҷикистон пахш гашт, гуфта мешуд, Тоҷикистон аз оғози ҷанг дар Ироқ нигарон аст. Дар бахши дигаре аз баёнияи вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон, ибрози умедворӣ шудааст, ки бо андешидани тадобири муносиб, талафоти ин ҷанг ба ҳадди аққал бирасад ва ба ғайринизомиёни Ироқ осебе ворид нашавад.

Ҳукумати Тоҷикистон фақат пас аз гузашти як шабонарӯз аз амалиёти низомии Амрико дар Ироқ мавқеи расмиашро баён дошт.

Рузи 20 март раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов низ дар паёми наврӯзии худ, ки таввасути расонаҳои давлатии кишвар пахш шуд, ба амалиёти низомии Амрико дар Ироқ ишорае накард.

XS
SM
MD
LG