Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Шодӣ Шабдолов ҳамла ба Ироқро ғайриодилона хонд



Раҳматкарими Давлат



Шодӣ Шабдолов - раиси Ҳизби Коммунисти Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳуҷуми Амрико ба Ироқ такрори қазияи мудохилаи Шӯравӣ ба Афғонистон аст ва бо он таҷрибае, ки Шӯравӣ дар Афғонистон андӯхта буд, Амрико намебоист мустақиман вориди даргирӣ бо Ироқ мегашт.

Вай афзуд, дар Ироқ ҳама низомӣ нестанд, балки аксарият ғайринизомиёнанд, ки дар гузашта ҷабри зиёд кашидаанд ва чунин рафтор бо кишвари онҳо ғайриодилона аст.

Раҳматулло Валиев дабири кулли Ҳизби Демократи Тоҷикистон низ мегуяд то ба ҳол охирин имконот дар мавриди ҳалли ғайринизомии қазияи Ироқ ба кор бурда нашудааст ва имкон дошт ин буҳрон бо роҳи мусолиматомез рафъ шавад.

Вокуниши намояндагони аҳзоби сиёсии Тоҷикистонро дар робита ба ҷанги Ироқ дар гӯшаи Гузоришҳо ва Архив меёбед.

XS
SM
MD
LG