Пайвандҳои дастрасӣ

Даъвати баҳории ҷавонон ба сафи артиши Тоҷикистон оғоз мешавад



Тоҳири Сафар



Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов фармонеро содир кард, ки мутобиқи он ҷавонони аз 19 то 23 сола моҳи апрел ба сафи артиши кишвар даъват мешаванд. Тибқи ин амр аскароне, ки муҳлати хидматашон ба охир расидааст, аз сафи неруҳои муссалаҳ хориҷ карда мешаванд.

Тибқи фармони президенти Тоҷикистон, вазорати умури дохила ва вазоратҳои амнияту дифоъ вазифадоранд, аз ҳисоби ҷавонони ҷавобгӯи давъати аскарӣ сафи неруҳои муссалаҳи кишвар ва Гурӯҳи марзбонии Русия дар Тоҷикистонро такмил намоянд.

XS
SM
MD
LG