Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Тоҷикистон Барномаи таъмини аҳолӣ бо ҷойи корро қабул кард



Тоҳири Сафар



Ҳукумати Тоҷикистон барномаи таъмини аҳолӣ бо корро тасдиқ кард. Зафар Саидов сухангӯи президенти Тоҷикистон ба хабаргузории Азия Плюс гуфт, ин барнома бар асоси Барномаи миллии коҳиши фақр таҳия шуда, ҳадафи аслиаш таъмини афроди камбизоати бешуғл бо ҷойи кор ва боло бурдани сатҳи зиндагии онҳо мебошад.

Тибқи барнома ҳукумати Тоҷикистон тасмим гирифтааст, то соли 2005-ум 210 ҳазор ҷойи кории нав таъсис диҳад. Ба гуфтаи Зафар Саидов дар муддати солҳои 2003-2005 бояд дар вилояти худмухтори Бадахшони куҳӣ 8,6 ҳазор ва дар вилояти Хатлон 81,3 ҳазор ҷойи кор ташкил карда шавад. Ҳукумат ҳамчунин муввазаф шудааст, дар вилояти Суғд 53,6 ҳазор нафар, дар шаҳри Душанбе 17,3 ҳазор нафар ва дар ноҳияҳои тобеи марказ 49,9 ҳазор фардро бо ҷойи кор таъмин намояд.

Қишрҳои осебпазири ҷомеа аз ҷумла, маъюбон занон, оилаҳои соҳиби тифли зиёд, маҳбусони собиқ ва ҳамчунин сарбозони хориҷшуда аз артиш дар навбати аввал бояд соҳиби ҷойи кор шаванд.

Ба гуфтаи Зафар Саидов ин барнома имкон медиҳад, аз соли 2003 то соли 2005 дар Тоҷикистон беш аз 351 ҳазор нафар бо ҷойи кор таъмин шаванд.

XS
SM
MD
LG