Пайвандҳои дастрасӣ

Тоҷикистон нахустин паёмади ҷанги Ироқро эҳсос кард



Соҷидаи Мирзо



Ноиби вазири Иқтисоди Тоҷикистон Исроил Маҳмудов гуфт, Тоҷикистон нахустин паёмади ҷанги Ироқро эҳсос кард. Авоили моҳи апрел нишасти байналмилалии кишварҳои ёрирасони Тоҷикистон дар Душанбе барномарезӣ шудааст ва мақомоти кишвар аз ин ҷаласа интизороти зиёд доранд. Дар ин намояндагони 37 кишвари дунё ва созмонҳои ҷаҳонии молиявӣ ширкат мекунанд.

Аммо ноиби вазири иқтисод гуфт, ба назари баъзе кишварҳо Тоҷикистон дар наздикии Ироқ ҷойгир шудааст ва аз ин рӯ аз ҷониби Тоҷикистон мепурсанд, ки оё нишаст баргузор мешавад, ё не.

Ноиби вазир ба пурсише, ки оё ҷанги Амрико алайҳи Ироқ ба Тоҷикистон таъсири мустақим хоҳад дошт, гуфт, Ироқ аз давлатҳои аслии истеҳсолкунандаи нафт аст ва маъракаи ҳарбӣ ба вазъи иқтисоди ҷаҳон бетаъсир намемонад.

Калавиши нарх дар бозорҳои ҷаҳон эҳсос мешавад ва ҳатман ба се шарики аслии иқтисодии Тоҷикистон, Руссия, Қазоқистон ва Узбакистон таъсир мегузорад. Барои намуна гуфт у, буҳрони Ироқ қиммати бензин дар Тоҷикистонро то 15 дар сад боло бурдааст.

Гузориш оид ба омодагиҳои Тоҷикистон ба конфронси байналмилалӣ дар гушаи Гузоришҳо ва ё Архив пайдо мекунед.

XS
SM
MD
LG