Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бомборони Ироқ метавонад боиси зилзила дар Тоҷикистон шавад



Итар Тасс



Бомборон ва зарбаҳои мушакӣ ба захираву чоҳҳои нафти Ироқ метавонад, боиси заминларза дар Тоҷикистон ва кишварҳои дигар шавад. Анатолий Ишук - муовини мудири Институти зилзиласанҷии Академияи Улуми Тоҷикистон бо баёни ин матлаб ба хабаргузории Итар Тасс гуфт, ҳарчанд бомборонҳо ба қишрҳои таҳтонии замин таъсире намегузоранд, аммо метавонанд туфонҳои биёбониро ба вуҷуд оранд.

Тӯфонҳои биёбонӣ дар навбати худ ба тағйир ёфтани фишори атмосферӣ мусоидат мекунанд ва ин манбаҳои ҳассоси заминларзаро такон медиҳад. Олими тоҷикистонӣ хулоса кардааст, бо назардошти ҳамаи ин метавон гуфт, ки бомборонҳо дар Ироқ имкони ба вуҷуд омадани зилзила дар минтақаи Осиёи Марказиро зиёд мекунанд.

XS
SM
MD
LG