Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳизби Сотсиалистӣ мухолифи ислоҳи Сарқонун аст



Мирзонабии Холиқзод



Раиси Ҳизби Сотсиалистии Тоҷикистон рузи 19 март ба хабарнигори Радиои Озодӣ гуфт, ҳизби ӯ мухолифи ворид кардани тағйирот ба Сарқонуни кишвар аст. Мирҳусейн Назриев раиси ин ҳизб афзуд, пешниҳодоти намояндагони Ҳизби Халқии Демократӣ барои ислоҳи Конститутсия онҳоро нигарон кардааст.

Ба андешаи сиёсатмадори тоҷик, ҳадафи аслии ислоҳи банд ба банди Конститутсияи Тоҷикистон, фароҳам овардани заминаҳои қонунӣ барои тамдиди давраи раёсати президенти феълии кишвар аст.

Ҳизби Сотсиалистӣ ба ин назар аст, ки парлумон ба масъалаи тағйиру иловаҳо бо шитобзадагӣ муносибат мекунад. Ва кушиш дорад ҳарчӣ зудтар бидуни огоҳии мардум аз тағйиру иловаҳо, ҳамапурсӣ баргузор кунад.

Тафсили ин хабар дар гушаи Гузоришҳо

XS
SM
MD
LG