Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазъи озодии матбуоти ҷаҳон ва Тоҷикистон дар гузориши Пажуҳишгоҳи Байнулмилалии Матбуот



Мирзои Салимпур

"Ҳуқуқи зиёд ва озодии ночиз" - чунин аст хулосаи гузориш аз як соли гузаштаи матбуоти Тоҷикистон.

Пажуҳишгоҳи Байнулмилалии матбуот, Ай Пи Ай, мақараш дар шаҳри Венаи Австрия, дар гузориши солонаи худ вазъи соли гузаштаи озодии матбуот дар кишварҳои ҷаҳонро ба баррасӣ гирифта, мегуяд, ҷанги ҷаҳонии алайҳи терроризм фишор ба озодии матбуотро дар саросари дунё афзоиш додааст. Аксарияти кишварҳо, аз ҷумла кулли давлатҳои аврупоӣ дар ин муддат қонунҳое ба зидди терроризм қабул кардаанд, ки бино ба гузориши Ай Пи Ай, умдатан дар роҳи фаъолиятҳои касбии хабарнигорон маҳдудияти зиёд эҷод мекунанд.

Гузориши Пажуҳишгоҳи Байнулмилалии Матбуот Узбакистону Туркманистон ва Қазоқистону Тоҷикистон, чор кишвари Осиёи Марказиро дар радифи кишварҳои поймолкунандаи озодии матбуот ном мегирад. Гузориш мегуяд, ин давлатҳои Осиёи Марказӣ худро дар ҷанги ҷаҳонии зиддитеррор дар сангари муттаҳидини Амрико андохта, акнун дар зери чатри пуштибонии Вошингтон поймол кардани озодии матбуотро дар қаламравҳои худ идома медиҳанд.

Пажуҳишгоҳи Байнулмилалии Матбуот манзараи озодии матбуот дар Тоҷикистонро ба қалам дода, менависад, қонунгузории ин кишвар усулан аз озодии матбуот ҳимоят мекунад, аммо дар амал дар роҳи дастрасии хабарнигорон ба маълумоти лозим ва нашри ахбори озод то кунун монеаҳои зиёде гузошта мешаванд.

Қонунгузории Тоҷикистон дастрасии хабарнигорон ба ҳар навъи ахбор, ба истиснои маълумоти ҳомили асрори давлатиро замонат медиҳад, аммо барои он афроде, ки аз додани чунин маълумот саркашӣ мекунанд, муҷозот муқаррар накардааст.

Қироншоҳи Шарифзода, раиси иттиҳодияи иҷтимоии хабарнигорони Тоҷикистон дар ҳамин замина мегуяд, феҳрасти расмии маълумоти ҳомили асрори давлатӣ низ як монеаи дигари мушкилзо барои онҳо шудааст.

Қироншоҳ Шарифзода мегуяд: "Дар қонуни сирри давлатӣ садҳо монеаҳое гузошта шудаанд, ки ҳатто ҳар дастандаркор ё корманди давлатӣ аз рӯи ҳамон қонун наметавонад барои хабарнигор як маълумотеро, ки аслан сирри давлатӣ надорад, пешниҳод кунад."

Пажуҳишгоҳи Байнулмилалии Матбуот дар дасти давлат қарор доштани чопхонаҳои бузург дар Тоҷикистонро низ омиле меномад, ки имкони назорат ва таҳрири муҳтавои нашрияҳои чопиро барои мақомоти ин кишвар фароҳам меорад.

Гузориш мегуяд, қонунҳои Тоҷикистон барои таҳқир ва паст задани эътибори шахсиятҳои мансабдор, бо шумули раисиҷумҳур, ҷазо ва ҳатто ҳукми зиндон муқаррар кардаанд, ки боиси эҷоди муҳити худсонсурӣ дар расонаҳои хабарӣ, аз ҷумла дар нашрияҳои хусусӣ шудааст.

Хуршеди Атовулло, сардабири ҳафтаномаи "Тоҷикистон" дар ҳамин робита мегуяд, ҳар навъ танқиди шахси мансабдор метавонад дар ин асос паст задани эътибори у талаққӣ шавад.

Хуршеди Атоввуло мегуяд: "Дар моддаи 6-уми қонуни матбуот омадааст, ки паст задани шаъну эътибори шахсият қонунан манъ аст, вале шарҳ дода намешавад, ки шаъну эътибори шахсият гуфта, чиро дар назар доранд."

Ва аммо баргардем ба сари гузориши солонаи Ай Пи Ай, ки ҳукми афв ва қатъи таъқиби сардабири нашрияи "Чароғи Руз" Додоҷони Атовулло ва иҷозаи пахши барномаҳои родиёи "Азия Плюс", нахустин радиои мустақил дар пойтахти Тоҷикистонро аз таҳаввулоти мусбати соли гузашта дар саҳнаи матбуоти ин кишвар хондааст. Вале Пажуҳишгоҳи Байнулмилалии Матбуот ба ин нукта ҳам ишора мекунад, ки "Азия Плюс" баъди чор соли талошҳо танҳо бо мусоидат ва дастури мустақими раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмонов дар 29-уми июли соли 2002 соҳиби хатти муҷавиз шуд. Ва он ҳам дар ҳоле, ки ҳамагӣ се ҳафта пеш аз ин, комиссияи литсензионии Кумитаи давлатии радио ва телевизиони Тоҷикистон дархости радиои "Азия Плюс"-ро расман рад карда, вуҷуди чунин радиои мустақил дар фазои иттилоотии кишварро як амри нолозим хонда буд.

XS
SM
MD
LG