Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раъйпурсии роҷеъ ба ислоҳоти Қонуни Асосӣ 22 июн баргузор мешавад



Раҳматкарими Давлат

Мухолифатҳои густардаи неруҳои сиёсии кишвар монеъи судури қарори шӯрои парлумон оид ба референдум нашуд.

Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон 22 июнро рузи баргузории назарпурсии умумӣ ё референдум роҷеъ ба ислоҳоти Қонуни Асосии кишвар таъйин кардааст. Комиссияи ҳамоҳангсози ислоҳоти Қонуни Асосӣ зарфи камтар аз як моҳ пешниҳодоти роҷеъ ба ислоҳоти Сарқонунро мавриди омузиш қарор дода ва рузи 19 март хулосаи кори худро ба барасии Маҷлиси Намояндагон ироа намуд.

Ислоҳоти Қонуни Асосӣ бар асоси пешниҳоди гурӯҳи вакилони Маҷлиси Намояндагон ва аъзои Маҷлиси Миллӣ сурат мегирад. Тухта Почомулоев вакили Маҷлиси Намояндагон ва узви Комиссияи ҳамоҳангсоз мегӯяд:"Ба ихтиёри ҳайати комиссия зиёда аз 246 таклифу пешниҳодҳои вакилони Маҷлиси Миллӣ ва Маҷлиси Намояндагон пешниҳод шуда буд. Аз ҳамин 246 таклифу пешниҳодҳо, 129 таклифу пешниҳодҳо қабул шуд, 32 таклиф қисман қабул шуд ва 85 таклифу пешниҳод қабул нагардид. Раъйпурсии мардумиро рузашро муайан карданд. Ин 22 июни соли ҷорӣ мебошад, мувофиқи талаботи қонун. Он пешниҳоди халқаст, ки дар референдум ҳа мегуяд ё не."

Умдатарин бахши ислоҳоти Қонуни Асосӣ ба мӯҳлати раёсати ҷумҳурӣ марбут аст. Дар қонуни ҷории Тоҷикистон омадааст, як нафар метавонад барои ҳафт сол ва як маротиба ба мақоми раисҷумҳур интихоб шавад. Дар сурати пазируфта шудани таҳрири нави Қонуни Асосӣ акнун як нафар иҷоза пайдо мекунад, ду маротиба ва ҳафтсолӣ раиси ҷумхури Тоҷикистон бошад. Аҳзоби сиёсии Тоҷикистон мегӯянд, Эмомалӣ Раҳмонов, ки тибқи қонуни ҷорӣ ҳаққи дубора интихоб шудан ба раёсати ҷумҳуриро надорад, ислоҳоти Қонуни Асосиро барои пайдо намудани иҷозаи ширкат дар даври дигари интихоботи раисҷумҳур амалӣ месозад.

Ҳамчунин тибқи ин пешниҳодот, бархе аз салоҳиятҳои Маҷлиси Миллӣ ба ихтиёри Маҷлиси Намояндагон вогузор хоҳад шуд. Аз ҷумла таъйини маоши раиси ҷумхур, эълони афви умумӣ ва қабули қонуни афв, шунидани суханронии раисони давлатҳои хориҷӣ ва ғайра.

Пешниҳоди бархе дигар аз вакилон дар мавриди даст кашидан аз таъмини ройгони хидмати тиббӣ ва омузиши олӣ пазируфта нашудааст ва банди 38 ва 41 Қонуни Асосӣ баръакс рушантар таҳрир шудааст, ки давлат кафолати дар муассисоти давлатӣ ройгон омузиши олӣ дидан ва табобат ёфтани шаҳрвандонро медиҳад.

Тибқи таҳрири нави қонун мақомоти судӣ ҳуқуқи ташаббуси қонунгузориро аз даст хоҳанд дод. Тарҳи ислоҳоти қонун ҳеҷ гуна афзудани салоҳияти мақомоти додгоҳиро ё тавре интизор мерафт, салоҳиятҳои сарвазири Тоҷикистонро дар назар нагирифтааст.

Ба гуфтаи бархе аз вакилон, қисмати зиёди тағйиротҳо танҳо ҷанбаи забонӣ ва таҳрирӣ дорад ва бештар истилоҳоти мавҷудро ба муродифҳояшон иваз намуда ва бо калимот бозӣ кардаанд.

Тарҳи ислоҳоти Қонуни Асосӣ мавриди дигари ҷолиби тавваҷӯҳе надорад ва тағйироти бунёдӣ ва куллиеро дар сохтори сиёсӣ ё иҷтимоии давлат пешбинӣ намекунад. Қарор аст, то се рӯзи дигар ин тарҳи ислоҳот дар матбуот нашр шавад. Аҳзоби сиёсии Тоҷикистон аз баррасии ислоҳоти Қонуни Асосӣ дар канор монданд ва ҳатто фурсати изҳори назар дар мавриди ин масъаларо аз даст доданд.

Барои ҳизбҳои мухолиф танҳо роҳи боқимонда таҳрими ҳамапурсӣ аст. Мардум низ мисли ҳизбҳои мухолиф дар баррасии ин тарҳ ширкат нахоҳанд кард, танҳо рузи 22 июн ба он раъйи мувофиқ ё мухолиф хоҳанд дод.

XS
SM
MD
LG