Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ислоҳи Сарқонуни Тоҷикистон ба хотири таҳкими қудрати президент сурат мегирад



Евразиянет

Мақолаи таҳлилии нашрияи электронии Евразиянет.



Бо барномаи баргузории референдуми тағйироти Қонуни Асосӣ, президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов умедвор аст, роҳро барои таҳкими қудрати ояндаи худ ҳамвор кунад. Аммо раҳбарони оппозитсиюн мегӯянд, ин гуна талошҳо рушди демократии Тоҷикистонро ба ҳам мезанад ва ба шурӯъи дубораи муқовимат сабаб мешавад.

Ҷонибдорони президент дар парламенти кишвар дар заминаи бо асос нишон додани зарурати тағйирот таъкид мекунанд, ки Тоҷикистон аз марҳилаи баъдиҷангӣ берун ва ба марҳилаи эътидоли сиёсӣ ворид мешавад.

Ба гуфтаи Шавкат Исмоилов, раиси кумитаи амният ва дифоъи парламенти Тоҷикистон, тағйироти қаблӣ ба Қонуни Асосӣ зарурате буд, ки вазъи баъдиҷангии Тоҷикистон дикта мекард. Аммо ҳоло шароит комилан дигар шудааст, мегӯяд Исмоилов ва меафзояд, ҷомеа аз ин ислоҳоти конститутсионӣ бурд хоҳад кард.

Аммо раҳбарони аҳзоби сиёсии Тоҷикистон бар ин боваранд, ки ангезаи тағйироти Қонуни Асосӣ дар хоҳишҳои таҳкими қудрати раиси ҷумҳури феълӣ нуҳуфтааст. Тағйироти соли 1999 бо ширкати оппозитсиюни собиқ, мӯҳлати раёсати ҷумҳурро ҳафт сол ва барои як бор муайян карда буд.

Аммо пешниҳоди банди 65-и Сарқонун, ки ҳоло баррасӣ мешавад, ду мӯҳлати иборат аз 7 солро дар назар дорад. Раҳматулло Зоиров, сарвари ҳизби Сотсиал - Демократ ва Саид Абдуллоҳи Нурӣ раҳбари Ҳизби Наҳзати Исломи Тоҷикистон, ҳар ду комилан мухолифи тағйири банди 65-уманд.

Ба гуфтаи Зоиров, тағйири модаи 65 мувозинатро дар сохторҳои давлат аз байн мебарад. Ба гуфтаи ӯ, феълан салоҳияти мақомот бар шохаи қонунгузор ва додгоҳӣ бартарӣ дорад ва бояд коре кард, ки шохаи қонугузор мустаҳкам ва додгоҳ мустақил бошад. Риси ҳизби Сотсиал- Демократ, ҳамзамон мушовири ҳуқуқии раиси ҷумҳур изҳори умед намуд, ки фишори оппозитсиюн ва эътирози ҷомеа тавонад ба барномаи ислоҳоти конститутсионӣ таъсир расонад.

Аксар раҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ салоҳияти худро бо тағйири Сарқонун густариш медиҳанд ва ба гуфтаи кошиносон бо ин роҳ худро аз таъқибҳои минбаъдаи додгоҳӣ эмин нигаҳ медоранд.

Саид Абдуллои Нурӣ - раиси ҳизби Наҳзати Исломи Тоҷикистон талошҳои президент Раҳмоновро бо ҳамин далел асоснок мекунад. Ӯ мегуяд, президент мехоҳад аз масъулияти ҷавобгуӣ дар баробари буҳрони сиёсӣ ва иқтисодии Тоҷикистон фирор кунад. Оғои Нурӣ ба нашрияи электронии Евразиянет гуфтааст, мушкилоти ҷомеаро наметавон бо тағйири Қонуни Асосӣ ҳал кард.

"Агар кишвар ба буҳрони сиёсӣ ва ё иқтисодӣ ру ба ру бошад, ин гуноҳи қонун нест, иллат дар бюрократҳое аст, ки масъулияти татбиқи ин қонунҳоро дар душ доранд. (поёни иқтибос)

Ҳарчанд то интихоботи оянда се соли дигар боқӣ мондааст, аммо аксар таҳлилгарон дар Душанбе баҳси референдумро оғози маъракаи интихоботӣ маънидод мекунанд ва меафзоянд, нигаронии президент Раҳмонов аз он аст, ки мушкилоти иқтисодӣ ба фоидаи нерӯҳои мухолиф ва ё афзоиши нуфуз ва маъруфияти чеҳраҳои оппозитсиюнӣ хизмат мекунад.

Баргардони Соҷидаи Мирзо

XS
SM
MD
LG