Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тафтиши парвандаи қатли Олимпур анҷом ёфтааст



Мирзонабии Холиқзод



Додситонии кулли Тоҷикистон тафтиши парвандаи куштори хабарнигори маъруф Муҳиддини Олимпурро ба поён оварда, онро барои муҳокима ба Додгоҳи Олӣ ироа кардааст.

Муҳиддини Олимпур, раиси дафтари радиои Би Би Си дар шаҳри Душанбе, 12 декабри соли 1995 дар натиҷаи як суиқасди мусаллаҳона дар пойтахти Тоҷикистон кушта шуд.

Тафтишот мегуяд, куштори Муҳиддини Олимпур бо амри Нозим Юнусов, фармондеҳи собиқи нируҳои Иттиҳоди мухолифини тоҷик дар ҷабҳаи Кофарниҳон сурат гирифтааст. Худи Нозим Юнусов соли 1999 дар як даргирии мусаллаҳонаи дигар дар Кофарниҳон ба ҳалокат расид.

XS
SM
MD
LG