Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маҷлиси Намояндагон тағйиру иловаҳо ба матни Қонуни Асосиро баррасӣ кард



Мирзои Салимпур



Ҷаласаи муштараки кумитаҳои Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон рузи душанбе тарҳи пешинҳоди тағйиру иловаҳо ба матни Қонуни Асосии ин кишварро мавриди баррасӣ қарор додааст.

Абдулмаҷид Достиев, раиси комиссияи масъули Маҷлиси Намояндагон дар ин нишаст гуфт, ки то имруз унвонии ин ниҳод 249 пешниҳоди тағйирот ба матни Сарқонун ворид шудааст. Оқои Достиев гуфт, ки комиссияи ҳамоҳангсоз аз ин маҷмуъ 129 пешниҳодро пурра ва 32 пешниҳоди дигарро қисман пазируфт. Бино бар гузориши Абдулмаҷид Достиев, 85 пешниҳоди боқӣ ба маҳзи мухолифати онҳо ба шароити конститутсионӣ аз ҷониби комиссияи ҳамоҳангсози тағйиру иловаҳо рад шудааст.

Хабаргузории Азия Плюс менависад, дар пайи баррасӣ дар иҷлоси Маҷлиси Намояндагон маҷмуъи тағйиру иловаҳо ба матни Қонуни Асосии Тоҷикистон ба маърази муҳокимаи умум гузошта мешавад.

XS
SM
MD
LG