Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар деҳи Ҷангалаки Чорбоғ 212 кило ҳероин кашф шудааст



Мирзои Салимпур



Маъмурони вазорати умури дохилаи Тоҷикистон рузи чоршанбе дар натиҷаи як амалиёт дар деҳи Ҷангалаки ҷамоати Чорбоғи ноҳияи Варзоб аз як манзил 212 кило ҳероин кашф ва мусодира кардаанд. Соҳиби 45-солаи ин хона ҳамроҳ бо 3 сокини дигари деҳи Ҷангалак низ дар ҷараёни амалиёти мазкур боздошт шудаанд.

Маҳмад Мирзоев, раҳбари идораи вазорати дохилаи Тоҷикистон дар умури мубориза алайҳи ташаккулҳои ҷиноӣ ба хабаргузории "Азия Плюс" гуфтааст, ки ин манзил ҳамчун амбори нигаҳдории маводи мухаддир истифода мешуд ва бо расидани фасли гармо ва кушода шудани роҳи ағбаҳо ҳероини захирашуда аз ин ҷо барои фуруш ба шимоли Тоҷикистон ва кишварҳои хориҷӣ интиқол меёфт.

Алайҳи афроди боздоштшуда бо иттиҳоми нигаҳдорӣ ва қочоқи маводи мухаддир парвандаи ҷурми ҷиноӣ боз шудааст.

XS
SM
MD
LG