Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раисиҷумҳури Тоҷикистон дастур дод, даромадҳои махфии шаҳрвандон қонунӣ гардонида шаванд



Тоҳири Сафар

Коршиносон ин иқдомро, тадбири мусбате дар роҳи ислоҳоти иқтисодӣ хонданд, аммо гуфтанд, он натиҷае чашмгир нахоҳад дод.

Ҳукумати Тоҷикистон барои ҷон дамидан ба иқтисоди гирифтори бӯҳрон ва бонкҳои нотавонаш қарор кард, ки даромадҳои ғайриқонунӣ ва маблағҳои бузурги дар ҳоли гардиш дар бозори сиёҳро қонунӣ гардонад.

Бо фармони раисҷумҳури Тоҷикистон ба шаҳрвандон ва соҳибкороне, ки ҳамвора аз пардохти андоз ва молиёт саркашӣ кардаанд, 2 моҳ фурсат дода шуд, то пасандозу даромадҳои ғайриқонуни ҷамъовардаашонро аз иқтисоди ғоиб ва кунҷи хонаҳо берун кашанд ва дар бонкҳо ҳифз намуда, онҳоро қонунӣ гардонанд.

Аксарияти шаҳрвандони Тоҷикистон ва тоҷирону соҳибкорони кишвар, ба гуфтаи иқтисодшиносон, аз пардохти андоз аз даромад саркашӣ мекунанд ва бартарӣ медиҳанд, ки фаъолиятҳои иқтисодиро бидуни ширкати бонкҳо ва таввасути пули нақд пеш баранд. Ба гуфтаи Алихон Ҳусайнов мушовири раисҷумҳури Тоҷикистон дар масоили иқтисодӣ, дар иқтисоди махфии Тоҷикистон, чун дар дигар кишварҳои собиқи шуравӣ аз 20 то 30 дар сади маблағҳо чарх мезананд.

Ин сармояҳо, ки андозе аз онҳо пардохта намешавад ва фоидае барои таҳкими низоми бонкии Тоҷикистон намеоранд ба гуфтаи Алихон Ҳусейнов ба афзоиши ҷиноятҳои иқтисодӣ мусоидат мекунанд. Аммо Собир Қурбонов коршиноси мустақили тоҷик ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳисобҳои дигар мавҷуд аст, ки дар иқтисоди махфии Тоҷикистон аз 40 то 70 дар сади пули кишвар дар гардиш аст.

Дар сурати ошкор ва қонунӣ шудани ин маблағҳои бузург ба гуфтаи Алихон Ҳусейнов, ҳам шаҳрвандони тоҷик манфиати молӣ мебинанд ва ҳам системаи бонкии Тоҷикистон тақвият меёбад. Алихон Ҳусейнов ҳамчунин ба Радиои Озодӣ гуфт, мутобиқи фармони раисҷумҳур тамоми касоне, ки то кунун аз пардохтани андоз саркашӣ кардаанд, ҳақ доранд бидуни монеа пасандозҳои худро ба бонкҳо супоранд ва аз имтиёз низ бархурдор шаванд.

Алихон Ҳусейнов меафзояд:"Кафолати давлатӣ ба соҳибони маблағҳо дода мешавад. Кадом шахсоне, ки маблағҳои худро дар бонкҳои Тоҷикистону ва филиалҳои онҳо дар тамоми гушаҳои дунё мегузоранд, аз ҳама ҷавобгариҳои ҷиноиву маъмурӣ озод мешаванд. Сеюм ин маблағҳо ҳеҷ андозбандӣ намешаванд. Чорум сирри махфии сарчашмаи маблағҳо дар тамоми сатҳи давлатӣ пинҳон дошта ва ошкор намешавад."

Иқтисодшиносон бо истиқбол аз ин иқдоми ҳукумати Тоҷикистон, онро гоми мусбати дигаре дар ростои ислоҳоти иқтисодӣ номиданд. Ҳарчанд мегуянд онҳо ин тадбир натиҷаҳои чашмгире нахоҳад дошт, зеро мардум ба бонкҳои кишвар эътимод надоранд ва метарсанд, ки дар сурати супурдани пасандоз, ҳангоми ниёзмандӣ онро бозпас гирифта наметавонанд.

Марат Мамадшоев таҳлилгари тоҷик мегуяд, авфи молиявӣ агарчӣ хушоянд аст, вале ҳукумати Тоҷикистон қабл аз он бояд ислоҳоти дигаре анҷом медод, то ин амалаш натиҷабахш мегардид:"Ин иқдоми воқеан хуб аст, зеро иқтисоди мо аз норасоии маблағу сармоя нафасгир мешавад ин дар ҳолест, ки пули зиёди зарурӣ барои он дар бозори сиёҳ гардиш мекунад. Ин ҳолатест ғайримантиқӣ. Аммо аз ҷониби дигар, ба фикри ман, бояд дар аввал аз ислоҳи низоми феълии андозситонӣ ва қонунҳои молиёт шурӯъ мекарданд, чунки маҳз ноқисиҳои қонунҳои ин соҳа ва бахши сармоягузории хориҷиву дохилӣ, боиси он шудааст, ки маблағҳои зиёде ба бозори сиёҳ рафтанд. Соҳибкорону тоҷирони мо, ки дар марҳилаи аввал бояд имтиёз ва пуштибоние дошта бошанд, аз он маҳруманд ва аз ин сабаб таввасути бонкҳо фаъолият надоранд ва аз андозситони саркашӣ мекунанд. Ба андешаи ман он самарае, ки аз ин иқдом интизораш доранд, ба даст нахоҳад омад."

Марат Мамадшоев меафзояд қисмати асосии пул ва ё арзҳои хориҷӣ ба Тоҷикистон бе ширкати бонкҳои тоҷикӣ ворид мешаванд. Ин асосан пули мардикоронест, ки дар Русия кор мекунанд ва ба ҳисобҳои тахминӣ сармояи ҳарсола воридмекардаи онҳо беш аз 600 миллион долларро ташкил медиҳад.

Як нуктаи пураҳамият дар авфи молиявӣ дар Тоҷикистон, ки яке аз роҳҳои асосии қочоқи маводи мухаддир маҳсуб мешавад, ҷилавгирӣ аз вуруди маблағҳои азими қочоқбарони ин мавод ба бонкҳо аст. Марат Мамадшоев мегуяд, мақомот бояд дар ин самт дақиқсанҷ бошад, то дар ин ҳангом сармояи қочоқбарон қонуният пайдо накунад ва кишварро дар назди ҷомеаи ҷаҳонӣ шармсор насозад.

Аммо Алихон Ҳусайнов мушовири раисиҷумҳури Тоҷикистон гуфт, ин нукта дар қонуни ҷумҳурии Тоҷикистон зикр шудааст ва дар сурати ошкор шудани чунин сарчашмҳои маблағ соҳибони он ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

Дар робита ба фурсати қонунигардонии сармояҳо Алихон Ҳусейнов гуфт, мӯҳлати ду моҳ кофист, то пасандозҳои ғайриқонунӣ ҷамъшуда ба бонкҳо супурда шаванд, зеро дар дигар кишварҳо, аз ҷумла Қазоқистон ин фурсат то 20 руз муайян шуда буд. Аммо ба ин суол, ки дар ин ҳангом ба бонкҳои Тоҷикистон чӣ қадар маблағ ворид хоҳад шуд ва иддае аз мансабдорони ришвахори кишвар миллионҳои худро дар бонкҳо хоҳанд гузошт, ҳеҷ яке аз мусоҳибони ман посух нагуфтанд.

XS
SM
MD
LG