Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон афви молиявӣ эълом мекунад



Мирзои Салимпур



Эмомалӣ Раҳмонов, раисиҷумҳури Тоҷикистон бо судури як фармон ба бонкҳои кишвараш амр додааст, ки шуруъ аз 1-уми апрел ва то 1-уми моҳи июн ҳар навъ сармояи дар гузашта бо роҳҳои ғайриқонунӣ ҷамъовардаи шаҳрвандони Тоҷикистонро бидуни мамониат ва таъқибу бозҷуӣ қонунӣ гардонанд.

Афви молиявии даромадҳои ғайриқонунии аҳолӣ, ки аз замони нашри ин дастур ҳукми эътибор пайдо мекунад, ҷалби бештари сармояҳои аҳолӣ ба иқтисоди миллӣ ва ба таҳти назорати давлат овардани риштаҳои марбут ба иқтисоди пасипардагиро ба ҳадаф дорад.

Қаблан давлати Қазоқистон ва пеш аз он Русия даст ба чунин иқдом зада буданд. Қазоқистон дар пайи афви молиёт эълом кард, ки беш аз 400 милён доллар аз пасандозҳои аҳолиашро дар ҷараёни ин маърака расмӣ гардонида, дубора вориди суратҳисобҳои бонкӣ кардааст.



XS
SM
MD
LG