Пайвандҳои дастрасӣ

Боздиди Игор Иванов аз Тоҷикистон поён ёфт



Мирзои Салимпур



Игор Иванов - вазири умури хориҷаи Русия баъд аз анҷоми мулоқоташ бо Эмомалӣ Раҳмонов - раиси ҷумҳурии Тоҷикистон гуфт, кишвараш ҳамчунон мухолифи ҳалли низомии қазияи Ироқ боқӣ мондааст.

Игор Иванов, ки дар ҷамъи хабарнигорон дар шаҳри Душанбе суҳбат мекард, гуфт:"Русия дар Шурои Амнияти Созмони Милали Муттаҳид хилофи қатъномае овоз хоҳад дод, ки агар барои ҷанг мусоидат намояд".

Вай афзуд агар ба баррасии Шурои Амният пешнависи қатъномае ироа шавад, ки он ба сурати мустақим ва ғайримустақим роҳро барои ҷанг бар зидди Ироқ боз намояд, Русия ба он раъйи мухолиф хоҳад дод.

Вазири умури хориҷаи Русия, ки ба дунболи боздидаш аз Кобул бо мақомоти Тоҷикистон мулоқот кард, афзуд, Русия ва Тоҷикистон қасд доранд, ба ҳамкориҳои муштараки худ дар ҷиҳати кумак ба бозсозии Афғонистон идома диҳанд. Дар ҷараёни мулоқоти вазири умури хориҷаи Русия бо мақомоти Тоҷикистон ҳамчунин масъалаи ривоҷи ҳамкориҳои дуҷониба баррасӣ шудааст.





XS
SM
MD
LG