Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Саид Абдуллоҳи Нурӣ бархе аз пешниҳодҳо барои тағйири Конститутсияро бемавқеъ медонад



Мирзонабии Холиқзод

Раиси Ҳизби Наҳзати Исломи Тоҷикистон мегуяд, дар ҳоли ҳозир ниёзе ба тағйири бархе аз бандҳои Сарқонун нест.

Саид Абдулоҳи Нурӣ - раиси Ҳизби Наҳзати Исломи Тоҷикистон бо Майкл Смит - сафири Британия дар Тоҷикистон дидор ва гуфтугу кард. Мавзуи аслии ин нишаст, баррасии вазъи сиёсӣ, иқтисодӣ дар Тоҷикистон буд.

Оқои Смит гуфт, Тоҷикистон дар масъалаи озодии баён намунаи кишварҳои Осиёи Марказӣ мебошад. Вай афзуд:"Бале ман ду ҳафта қабл дар Брюссел дар як нишаст дар мавзуи Осиёи Марказӣ суханронӣ намудам ва таъкид кардам, ки Тоҷикистон аз кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ дар масъалаи озодии баён бартарӣ дорад.

Ва аммо дар мавриди пешниҳодоти ахири намояндагони порлумони Тоҷикистон ҷаноби Смит гуфт, Абдуллоҳи Нурӣ уро бо ин масъала ошно кард, вале дипломати британиявӣ дар бораи ҷузъиёти ин мавзӯъ чизе нагуфт.

Аммо Саид Абдуллоҳи Нурӣ - раиси Ҳизби Наҳзати Исломи Тоҷикистон гуфт, бо сафири Британия масоили аслии пешниҳодот ба Қонуни Асосиро баррасӣ намуд.

Аммо дар мавриди ин ки ҳадафи аслии ин пешниҳодҳо барои тағйир ба Қонуни Асосӣ чӣ ҳаст, оё роҳ кушудан барои чеҳраҳои сиёсии дигари кишвар аст, ё танҳо ба хотири фароҳам овардани заминаи ҳуқуқӣ барои президенти Раҳмонов, то ин ки дар интихоботҳои оянда ширкат кунад?

Саид Абдулоҳи Нурӣ чунин гуфт: "Шояд онҳое, ки онҳоро ин корро пешниҳод карданд, як санҷише дар кадрҳои имрузаи Тоҷикистон гузаронданд. Ва ман ба чунин хулосае омадам, ки дар марҳилаи ҳозираи вуҷуди Тоҷикистон касе ки то ҳоли ҳозир як каме таҷриба дорад ва то имруз роҳбарӣ кардааст, он боқӣ мемонад. Ва мо ҳам ҳамин бардоштро дорем, ки шояд ҳамин чиз боиси пешниҳодҳо шудааст, ки масалан дар ҳоли ҳозир кадри муносибтаре Тоҷикистон надорад, аз ҳамин сабаб маҷбур шуданд, ки муҳлатро зиёдтар кунанд, то худи президенти имруза барои идомаи салоҳияташ ҳуқуқ пайдо кунад."

Коршиносон мегуянд, баъд аз он ки Комиссияи ҳамоҳангсози парлумон эълон дошт, ки моддаи 28, ки фаъолияти аҳзоби мазҳабиро иҷозат медиҳад, бидуни тағйир дар Қонуни Асосӣ хоҳад монд, мавқеъ ва оҳанги суханронии оғои Нурӣ нисбати пешниҳодҳои парлумон мулоимтар шудаст.

Аммо оғои Нурӣ дар мавриди пешниҳоди депутатҳо ба моддаи 65 марбут ба мӯҳлати президентӣ, яъне ду давраи 7 сола изҳори норозигӣ намуд ва гуфт:"Аз нигоҳи ҳуқуқӣ наметавонем мухолифат кунем, танҳо аз нигоҳи сиёсӣ чӣ хеле ки ман гуфтам, фақат тарс аз он дорам, ки ихтилофе худо нохоста ба вуҷуд ояд, аз ҳамин нигоҳ ман фикр мекунам, ки бамаврид нест."

Ва аммо коршиносон мегуянд, дар соли 1999 дар Кумиссияи Оштии Миллӣ оппозитсиюни пешин дар ивази ба моддаи 28-ум ворид кардани иҷозаи фаъолияти аҳзоби мазҳабӣ розӣ шуд, ки дар банди 65 тағйир ворид карда шавад ва мӯҳлати президентӣ аз ду давраи 5 сола ба як давраи 7 сола оварда шавад.

Ба назари коршиносон, дар ин навбат низ ҷониби ҳукумат бо масъалаи моддаи 28 мавқеи Ҳизби Наҳзати Исломро дар мавриди моддаи 65 яъне ду давраи 7 сола мулоим кунад. Вале то кунун Ҳизби Наҳзати Ислом мавқеи расмии худро дар баробари масъалаи пешниҳодҳо баён надоштааст. Саид Абдуллоҳи Нурӣ, лидери ин ҳизб гуфт, ҳангоми ба таври расмӣ ошкор шудани маҷмӯи пешниҳодҳо аз ҷониби парлумон ҳизб мавқеи расмии худро баён медорад.

XS
SM
MD
LG