Пайвандҳои дастрасӣ

Нигарониҳо аз афзойиши ҳукми қатл дар Тоҷикистон



Салими Аюбзод

Тибқи ҳисобҳои гуногун дар Тоҷикистон соли гузашта аз 50 то 240 ҳукми қатл содир ва ними онҳо иҷро шудаанд.

Созмонҳои ҷаҳонӣ дар бораи шумораи ҳукмҳои қатл дар Тоҷикистон арқоми гуногунро нашр мекунанд. Чунончи, Афви Байнулмилал мегӯяд, дар соли гузашта 50 ҳукми эъдом содир шуда, аз он 28 ҳукм ба иҷро расид. Аммо Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо мегӯяд, дар як сол дар Тоҷикистон 240 нафар ба қатл маҳкум шуда, наздики 100 нафар, тибқи ин ҳукмҳо, ба қатл расидааст.

Афви Байнулмилал хотиррасон мекунад, ки тибқи банди 17 ва хатти 8-и Санади Копенҳаген, Тоҷикистон ҳамчун узви Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо ӯҳдадор аст, маълумоти марбут ба ҳукми қатлро нашр кунад. Вале намояндагии ин созмон дар Душанбе мегӯяд, чунин маълумот махфӣ дошта мешавад.

Ойниҳол Бобоназарова, мудири Бунёди Сорос дар Тоҷикистон мегӯяд, тибқи қонун ин маълумот сирри давлатӣ нест, аммо мақомоти давлат онро пинҳон медоранд. Афви Байнулмилал бо такя ба манобеъи худ хабар дод, дар соли гузашта шаш ҳукми қатл мавриди бахшойиш қарор гирифт ва ё бо ҳабси дарозмуддат иваз гардид. Ибтидои соли 2001, Кумитаи ҳуқуқи башари Созмони Милал аз Тоҷикистон талаб кард, иҷрои ҳукми қатли 12 маҳбус мавқуф гузошта шавад. Лекин Афви Байнулмилал муқарар кард, ки бо вуҷуди ин дахолат, ҳукми қатли панҷ нафар ба иҷро расид. Ҳукумати Тоҷикистон ба пешниҳодҳои Афви Байнулмилал дар бобати баргузории як семинар роҷеъ ба ҳукми қатл дар Душанбе посух намедиҳад.

Афви Байнулмилал хабар дод, охири соли гузашта ҳукми қатли Сайидамир Каримов ба 25 соли ҳабс иваз шуд. Вай ва се ақрабояш дар куштори собиқмуовини вазири корҳои дохилӣ Ҳабиб Сангинов айбдор шуда, ба қатл маҳкум гардиданд. Каримов ва хешони ӯ дар додгоҳ гуфтанд, бар асари латукӯб ва шиканҷа бо истифода аз барқ айбномаро ба гардан гирифтаанд. Кумитаи ҳуқуқи башари Созмони Милал аз Тоҷикистон дархост кард, иҷрои ин ҳукмҳо ба таъхир гузошта шавад, аммо ба маълумотҳои дарёфтӣ, се хешованди Каримов дар садади иҷрои ҳукм қарор доранд.

Бо кӯшиши ниҳодҳои байнулмилал дар Тоҷикистон имконияти лағви ҳукми қатл баррасӣ мешавад. Аммо ҳукумат мегӯяд, ба ин омода нест. Мероси ваҳшатноки ҷанги дохилӣ аз як сӯ ва набуди имкони таъмини маҳбусони якумрӣ бо ғизо ва либос аз сӯи дигар далел оварда мешаванд. Вале шубҳаи ин ки аксари ҳукмҳои қатл метавонанд иштибоҳӣ бошанд ва ё дар заминаи иқрорҳои маҷбурӣ содир шаванд, дар ҷомеъа талаби корбурди истисноии ин ҳукм низ садо медиҳад. Дар ин самт як гурӯҳи кории ҳукумат ва ниҳодҳои ҳуқуқи башар таъсис ёфтааст.

Масъалаи дигаре ки Афви Байнулмилал дар гузориши ахири худ овардааст, бархӯрди номуносиби мақомоти Тоҷикистон ба паноҳандагон аст. Соли гузашта ин мақомот 14 паноҳандаи афғонро боздошт ва ба Афғонистон фиристоданд, ки дар миёни онҳо навраси 17-сола низ буд. Панҷуми феврали соли равон мақомоти Тоҷикистон шаҳрванди Ӯзбакистон Искандар Худойбергановро, ки аз тарафи Тошканд дар тундравии мазҳабӣ айбдор мешавад, боздошт намуда, ба Ӯзбакистон супурданд. Ин маҳбус дар Ӯзбакистон таҳти шиканҷа, ба айбномаи гузоштаи ҳукумат иқрор кард ва ба қатл маҳкум шуд.

XS
SM
MD
LG