Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Осебдидагони деҳаи харобшудаи Камари ноҳияи Кулоб ниёзманди кумакҳои фаврӣ ҳастанд



Саидқосими Қиёмпур

Илова бар ин масъалаи сарпаноҳ ва манзил додани онҳо низ то кунун ҳал нашудааст.

Яксаду ҳаштоду як тан аз сокинони деҳаи Камари ноҳияи Кӯлоб, ки авохири моҳи гузашта бар асари ярч аз манзилҳояшон маҳрум шуданд, то ҳанӯз дар бинои мактаб ба сар мебаранд.

Дар ин бора ба хабарнигорон Паул Ҳандлей, масъули идораи Созмони Милал дар умури кумакҳои башарӣ иттилоъ дод. Ӯ афзуд, айни ҳол мақомоти маҳаллӣ, вазорати ҳолатҳои истирории кишвар, Федератсиони Салиби Сурх ва Барномаи ҷаҳонии озуқа барои ҳалли мушкили мардум фаъолияти худро ҳамоҳанг мекунанд.

Тибқи гузориши Федератсиони Байналмилалии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар, бар асари офати табиӣ дар деҳаи Камар 11 манзил зери ярч монда 22 манзили дигар қисман хароб шуд. Сокинони зарардидаи деҳаи Камар ба либоси гарм, сарпаноҳ ва озуқа ниёз доранд. Гуфта мешавад, ки 12 оила каму беш бо либосу сарпаноҳ таъмин гардид ва аммо бо шуруъи дарсҳо дар мактаб мавзӯи бо хайма таъмин кардани онҳо пеш меояд.

Барномаи Ҷаҳонии Озуқаи Созмони Милал барои мардуми офатзада кумаки фаврӣ интиқол дод. Ҳар узви ин оилаҳо 50 килогӣ орд, 3,5 килоӣ равған ва қариб 5 килогӣ маҳсулоти лубиёгӣ гирифтанд. Кӯдакони то панҷсола аз нисфи ин кумак бархурдор шуданд, омадааст дар як иттилоъи Федератсионии Байналмилалии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар.

Мақомоти расмӣ вазъи ба вуқуъпайвастаро баррасӣ мекунанд. Тасмим гирифта шуд, ки дар марҳилаи аввал бархе аз сокинони Камар ба як деҳа воқеъ дар ҷануби Қурғонтеппа кучонида мешаванд. Мақомоти маҳаллӣ ба дигарон барои бунёди манзил дар наздикиҳои мавзеъи Камар кумак хоҳанд кард.

Кумитаи Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон ба 12 оилаи офатрасида курпаву болишт ва либос тақсим карда истодааст. Тибқи иттилоъи хабаргузории Азия Плюс, ба деҳаи Офтобрӯи минтақаи Кӯлоб низ хатари ярч таҳдид мекунад. Мақомоти расмӣ ҳушдор медиҳанд, ки офати табиӣ дар ин деҳа паёмадҳои ногувортар хоҳад дошт, зеро аҳолии Офтобрӯ ҳудуди 2 ҳазор нафар мебошад.

Моҳи гузашта ва аввалҳои моҳи равон офатҳои табиӣ дар Тоҷикистон сабаби ҳалокати чандин нафар шуданд. Дар деҳаи Зиддӣ воқеъ дар 60 километрии шимоли пойтахти кишвар 7 нафар зери тарма монданд. Аз ин офат ҳамчунин 10 тан аз сокинони вилояти Бадахшони кӯҳистон ба ҳалокат расиданд. Бар асари барф ва яхбандӣ шоҳроҳи Душанбе-Хоруғ чанд муддат баста шуд. Наздики 200 ҳазор сокинони ин минтақаи дурдасти Тоҷикистон ба камбуди озуқа ва маводи сухт мувоҷеҳ шудаанд.



XS
SM
MD
LG