Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Корхонаи "Ҷавонӣ" бо 3 милён доллар сармоягузорӣ хоҳад шуд



Мирзои Салимпур



Корпоратсияи Байнулмилалии Молиявӣ, ки ҷузъи Бонки Ҷаҳонӣ мебошад, рушди тавлидоти корхонаи муштараки Тоҷикистону Амрикову Итолиё бо номи "Ҷавонӣ"-ро дар вилояти Суғд бо 3 милён доллар сармоягузорӣ мекунад.

Корхонаи муштараки "Ҷавонӣ" дар риштаи саноати сабук фаъолият дошта, беш аз 1000 нафарро дар шимоли Тоҷикистон бо кор фаро гирифтааст. Сармоягузории Корпоратсияи Байнулмилалии Молиявӣ имкон медиҳад шумораи коргарони ин корхона ба 3500 нафар расонида шавад.

Раҳбари корхона Амал Фабиан гуфтааст, дар пайи татбиқи сармояи Корпоратсияи Молиявӣ ин корхона солона ба Тоҷикистон 15 милён доллар фоида хоҳад овард.

XS
SM
MD
LG