Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Игор Иванов ба Тоҷикистон сафар мекунад



Тоҳири Сафар



Вазири умури хориҷаи Русия Игор Иванов ҳафтаи оянда аз Душанбе боздид мекунад. Хабаргузории Интерфакс аз қавли Александр Лосюков муовини вазири умури хориҷаи ин кишвар навиштааст, ки Игор Иванов 11 март ба Теҳрон, сипас ба Душанбе ва Кобул сафар хоҳад кард.

Интизор меравад, ҳангоми сафари Игор Иванов дар Душанбе, масъалаи боздиди расмии президенти Русия, Владимир Путин аз Тоҷикистон баррасӣ шавад. Сафари раисҷумҳури Русия ба Душанбе, охирҳои моҳи апрел дар назар дошта шудааст.



XS
SM
MD
LG