Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мизони таваллуд дар Рашт коҳиш ёфтааст



Мирзои Салимпур



Назарбӣ Пирумшоева, раҳбари Маркази модару кудак дар ноҳияи Рашт ба хабаргузории "Азия Плюс" гуфтааст, таҳқиқоти дар 12 ҷамоати ин ноҳия анҷом додаи онҳо нишон медиҳад, ки соли 2002 дар ин минтақа назар ба як соли пеш 500 кудак камтар таваллуд шудааст.

Хонум Пирумшоева тадобири тарғиботиеро, ки дар риштаи танзими оила ба кор бурдаанд, як омили ба ин андоза коҳиш ёфтани мизони таваллуд дар ноҳияи Рашт ном мегирад.

Аз ҷумла, Маркази модару кудак дар соли гузашта барои 4 000 зани ғармӣ машварати тиббӣ додааст ва дар ин давра 1 800 зан аз васоили пешгирии таваллуди номатлуб истифода бурдаанд.

Назарбӣ Пирумшоева мегуяд, як мушкили сахти риштаи тибби ноҳия камбуди мошинҳои ёрии таъҷилӣ буда, ба маҳзи ин аксарияти кулли занон дар шароити хона таваллуд мекунанд.



XS
SM
MD
LG