Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Масири ҳавоии Хуҷанд - Саратов ифтитоҳ ёфт



Саидмуҳиддини Оймуҳаммад



Нахустин парвози ҳавопаймо аз руи масири Хуҷанд - Саратов анҷом шудааст. Ин хатти ҷадидест, ки ду шаҳри бузурги Тоҷикистону Русияро ба ҳам мепайвандад.

Ба гуфтаи Муҳаммадюсуф Шодиев, сухангуи вазорати нақлиёти Тоҷикистон, парвози аввалин аз роҳи чартер сурат гирифта, онро як ҳавопаймои навъи ЯК-40-и ширкати ҳавоии Саратов анҷом медиҳад.

Қимати парвоз дар ин масири нав барои як ҷониб 5 500 рубли русӣ ё тақрибан 170 доллари амрикоӣ буда, ҳар ду ҷониби парвоз барои ҳар мусофир бо 8 100 рубли русӣ анҷом мешавад, ки баробари 260 доллар мебошад.

XS
SM
MD
LG