Пайвандҳои дастрасӣ

Қочоқи маводи мухаддир дар марз бо Афғонистон 5 маротиба афзудааст



Саидмуҳиддини Оймуҳаммад



Дафтари матбуоти гуруҳи марзбонии Русия, мустақар дар Тоҷикистон мегуяд, қочоқи маводи мухаддир аз Афғонистон аз ибтидои соли 2003 то кунун назар ба ҳамин давраи соли гузашта наздик ба 5 маротиба афзудааст.

Гуфта мешавад, миқдори маводи мухаддире, ки аз шуруъи сол то ҳол мусодира шудааст, ба 1 тонна мерасад.

Бино бар иттилоъи гуруҳи марзбонии Русия, онҳо рузи чоршанбе дар минтақаи посгоҳи марзии Қалъаи Хумб як захирагоҳи маводи мухаддири иборат аз 70 кило тарёкро дарёфт кардаанд. 1 кило ҳероини дигар дар минтақаи марзии Хоруғ мусодира шудааст.

XS
SM
MD
LG