Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Идомаи баҳси тағйири Конститутсияи Тоҷикистон



Мирзонабии Холиқзод

Оё тағйиру иловаҳо ба Қонуни Асосӣ пеш аз раъйпурсӣ ба муҳокимаи умум гузошта хоҳанд шуд?

Раҳматулло Зоиров, мушовири президенти Тоҷикистон дар умури ҳуқуқ мегуяд, агар пешниҳоди тағйирот ба матни Қонуни Асосии кишвар бидуни муҳокимаи умум ба референдум гузошта шавад, тағйиру иловаҳо ба Конститутсия ғайриқонунӣ хоҳанд буд. Вай афзуд:

"Яъне агар онҳо ҳозир пешниҳод кунанд барои референдум, ин ғайриконститтутсионист. Маҷлиси Намояндагон қабул кунаду онро ба муҳокима неву ба референдум пешниҳод кунад, ғайриқонунӣ мешавад. Аввал бояд барои се моҳ ё чор моҳ муҳокимаро бояд гузарад. Баъд ин ҳамаро комиссия ҷамъбаст мекунад ва дар асоси он варианти охирин таҳия ва ба референдум пешниҳод мешавад."

Ба назари оқои Зоиров, ба он тартибе ки як Қонуни Асосӣ дар кишварҳои мутамаддин қабул карда мешавад, тағйиру иловаҳо низ ба ҳамин шакл бояд қабул карда шаванд.

Аммо дар мавриди ин ки оё пешниҳодҳои тоза барои тағйиру иловаҳо ба Конститутсия бидуни гузоштан дар муҳокимаи умум ба референдум пешниҳод мешаванд, оқои Зоиров гуфт, то кунун ҳамин паҳлуи масъала рушан карда нашудааст.

Раҳматулло Зоиров мегуяд, дар таърихи 5-уми моҳи феврал ҳамин мавзуъ дар мулоқоти у ба ҳайси раҳбари ҳизби сусиёл-демократи Тоҷикистон бо масъули намояндагии Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо дар Тоҷикистон Марк Жилбер матраҳ шудааст.

Созмонҳои байнулмилалӣ низ ба ин назаранд, ки иқдоми ҳукумат ва парлумон дар мавриди тасҳеҳу таҳрири матни Қонуни Асосӣ бояд дар асоси меъёрҳои роиҷи байнулмилалӣ сурат бигиранд. Аммо намояндагони парлумон низ, дар мавриди ин ки оё консепсияи пешниҳодот ба муҳокимаи умум гузошта хоҳад шуд, посухи рушан намедиҳанд.

Узви кумитаи иқтисоду буҷа ва андози Маҷлиси Намояндони Тоҷикистон Ғулом Бояков ба ин бовар аст, ки мувофиқи муқарарроти қонунӣ қабл аз ҳамапурсй пешниҳодҳо бояд ба муҳокимаи умум гузошта шаванд ва назари ҷомеа ба эътибор гирифта шавад.

"Ман ҳамчун як вакил назарамро алоҳида мегуям, ки ман ин чизҳоро хондам ва асосан ҷонибдор ҳастам. Аз руи таҷрибаҳои муҳокимаронӣ ва аз руи фаҳмиши ман, ин ҳама ба муҳокимаи умум гузошта мешавад, албатта. Бе муҳокимаи умум ин намешавад."

Дар ҳамин ҳол, бар асоси иттилоъи Маҷлиси Намояндагон, комиссияи ҳамоҳангсози пешниҳодҳои конститутсионии парлумон нахустин ҷаласаи худро дар мавриди пешниҳоду хулосаҳои кумитаҳо баргузор кард.

Намояндаи Маҷлиси Намояндагон Юсуфҷон Аҳмадов гуфт, феълан пешниҳодҳо комил нашудаанд ва ҷараёни баррасии онҳо аз тарафи кумитаҳо дар ҷаласаи комиссия муҳокима шуд.

Ва аммо тибқи иттилоъи манобеи ғайримустақим, рузи чоршанбе дар ҳузури президент Эмомалӣ Раҳмонов комиссияи ҳукуматии баррасии пешниҳодҳо вариантҳои гунонгуни банди чоруми моддаи 65-уми Қонуни Асосиро мавриди баррасӣ қарор додааст.

Пешниҳоди тағйири банди мазкур аз миён бардоштани маҳдудияти давраи раёсати ҷумҳурро барои як муҳлати 7-сола дар назар дорад. Аммо ҳукумати Тоҷикистон мехоҳад, ин масъала бидуни маҳдудият намонад. Яке аз пешниҳодҳо дар мавриди тағйири банди мазкур қабули ду давраи 4-солаи раёсатҷумҳурӣ аст. Яъне пас аз қабули ин пешниҳодҳо, президенти ҷадид метавонад барои ду давраи 4-сола дар курсии президентӣ бимонад.

Аммо яке аз вакилони Маҷлиси Намояндагон, ки аз бурдани номаш худдорӣ кард, гуфт, ин танҳо яке аз вариантҳои пешниҳодшуда мебошад. Ба назари у, ба ҳамин банди моддаи 65 боз 4 варианти дигари тағйирот пешниҳод шудааст.

XS
SM
MD
LG