Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Достони зиндагиву зиндони Кароматулло Ятимов



Абдуқаюми Қаюмзод

Муовини собиқи раиси шаҳри Душанбе хостори мутолибаи дубораи парвандааш дар Додгоҳи Олии Тоҷикистон шуд.

Кароматулло Ятимов, муовини пешини раиси шаҳри Душанбе ба нишони эътироз аз ҳукми додгоҳи пойтахти Тоҷикистон ба Додгоҳи Олии ин кишвар шикоят карда, хостори мутолибаи дубораи парвандаи ҷиноияш аз суи Додгоҳи Олӣ шуд.

Додгоҳи шаҳри Душанбе дар авоили ин ҳафта Кароматулло Ятимовро бо гуноҳи дуздии амволи давлатӣ ба 16 соли маҳрумият аз озодӣ маҳкум кард.

Тибқи маълумоти додгоҳ, Кароматулло Ятимов тайи солҳои 1993-1996, замоне ки дар симати муовини раиси шаҳри Душанбе фаъолият мекард, бо суиистифода аз мансаб, даст ба тороҷи моликияти давлат задааст.

Дар ҳукмномаи додгоҳ гуфта мешавад, Кароматулло Ятимов дар соли 1994 бо ширкати "Ҳоҷӣ Сиддиқи Хуҷандӣ" шартнома баста, дар ивази нахи пахта аз ин ширкат ба маблағи севуним миллиард рубли тоҷикӣ, муодили беш аз 1 милён доллар, маводи сухт мегирад. Дар пай, бар хилофи муқаррароти роиҷ, Ятимов сузишвориро тавассути раёсати тиҷорати Вазорати нақлиёт, ки Фаридун Муҳиддинов роҳбарии онро ба душ дошт, ба фуруш мерасонад. Аммо у ин маблағро на ба суратҳисоби ҳукумати шаҳр, балки ба фоидиаи шахсиаш масраф мекунад.

Дар хамин ҳол, Уктам Султонов, вакили мудофиаи муовини пешини раиси шаҳри Душанбе Кароматулло Ятимов, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ, ҳукми додгоҳро ғайривоқеъӣ хонд. Ҷаноби Султонов гуфт, ҷараёни мурофиа натавонист далоили тафтишотро комилан исбот созад. Вай афзуд:

"Мо бо ҳукми суд, ки нисбат ба Кароматулло Ятимов содир шудааст, розӣ нестем. На ҳамаи далелҳое, ки дар рафти тафтишоти пешакӣ дарёфт карда буданду Ятимовро ба он айбдор карда буданд, ҳамаи он дар мурофиаи суд исботи худро наёфт. Ман чунин мешуморам, ки ҳукм нисбат ба Ятимов ғайриқонунӣ бароварда шудааст. Ва дар оянда ман ба Додгоҳи Олӣ бо шикоят муроҷиат карда, боварӣ додам, ки Додгоҳи Олӣ парвандаи мазкурро ҳаматарафа боз мебинад."

Шавкат Абдулхайров, додраси додгоҳи шаҳри Душанбе, ки баррасии парвандаи Кароматулло Ятимовро анҷом дода, уро ба 16 соли зиндон маҳкум кард, аз додани иттилоъи бештаре дар ин бора худдорӣ варзид, У гуфт, тибқи шикояти маҳкум ва вакили мудофиаи у дар ҳоли ҳозир парванда дар Додгоҳи Олии Тоҷикистон мавриди бозбинӣ қарор дорад. Ба назари оқои Абдулхайров, имкон дорад дар Додгоҳи Олӣ ҳукми эшон тағйир ёбад, зеро ҳукми додгоҳи шаҳрӣ ҳукми ниҳоӣ нест.

Ёдовар мешавем, Кароматулло Ятимов моҳи июни соли 2001 аз ҷониби ниҳодҳои амниятии Тоҷикистон боздошт ва ба ҳабс гирифта шуд. У пеш аз ин бо иттиҳоми таҷовуз ба номуси як духтари ноболиғ низ ба маҳкама кашида шуда буд. Дар замоне, ки Кароматулло Ятимов мақоми намояндаи тиҷоратии Тоҷикистон дар Қазоқистонро ба уҳда дошт, аз дохили мошини мутааллиқ ба ин идора дар шаҳри Алма-Ато аз ҷониби мақомоти маҳаллӣ беш аз 60 кило ҳероин кашф карда шуд. Дар пайи ин ҳодиса танҳо ронандаи мошинро ба масъулият кашида, ба муддати тулонӣ маҳкум ба зиндон карданд.



XS
SM
MD
LG