Пайвандҳои дастрасӣ

Леонид Кучма моҳи апрел ба Душанбе меояд



Тоҳири Сафар



Мақомоти расмии Тоҷикистон ва Украина рузи чоршанбе, 5 март дар шаҳри Душанбе дар ҷараёни нишасти Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ тавофуқномаи ҳамкорӣ имзо карданд.

Ба иттилои телевизиони давлатии Тоҷикистон, ин санад аз ҷониби муовини сарвазири Тоҷикистон Асадулло Ғуломов ва вазири саноати Украина Анатолий Мялитса ба имзо расидааст.

Ба навиштаи хабаргузории Азия Плюс, дар рафти кори комиссия тарҳи созишномаҳои иқтисодие омода мешаванд, ки ҳангоми сафари раисҷумҳури Украина Леонид Кучма ба Душанбе дар моҳи апрел ба имзо хоҳанд расид.

Ин хабаргузорӣ аз қавли муовини нахуствазир Асадулло Ғуломов навиштааст, табодули мол миёни Тоҷикистон ва Украина дар соли 2002-ум ҳудуди 87 миллион долларро ташкил дод, ки назар ба соли 2001-ум 30 дар сад зиёд аст.

XS
SM
MD
LG